ТАҲСИЛОТ ДАР ТӮЛИ ҲАЁТ: ДАР ДУШАНБЕ САМТИ РУШД ДАР МАРКАЗҲОИ ОМӮЗИШӢ БАРОИ ҶОМЕАҲОИ МАҲАЛЛИРО МУАЙЯН КАРДАНД

Аз санаи 6 то 8 апрели соли 2026 Душанбе - пойтахти Тоҷикистон ба майдони муколама оид ба рушди минбаъдаи касбии ҷомеаи шаҳрвандӣ табдил ёфт. Дар ин ҷо Конференсияи байналмилалӣ таҳти унвони “Марказҳои омӯзишии ҷомеаи маҳаллӣ дар Тоҷикистон: самти рушд” баргузор шуд, ки беш аз 50 коршиносон аз Осиёи Марказӣ ва Аврупо инкишофи минбаъдаи таҳсилоти калонсолонро баррасӣ намуданд. Такконбахши конференсия ин амалисозии ҳадафҳои Мақсадҳои рушди устувори СММ дар Тоҷикистон, аз ҷумла таъмини таҳсилоти босифат ва инклюзивӣ барои ҳама дар тӯли ҳаёт буд.

Чӣ тавр ташкилкунандагон баён карданд, раванди таҳсилоти калонсолон, ки беш аз ду даҳсола ин ҷониб дар Тоҷикистон идома дорад, таҷрибаи бойро дар байни кишварҳои пасошӯравӣ дорад. Имрӯз дар кишвар шабакаи марказҳои таълими калонсолон амал менамояд, ки фаъолияти он дар ҳамоҳангӣ бо Маркази ҷумҳуриявии таълими калонсолон ба роҳ монда шудаанд. Дар минтақаҳо бошад, марказҳои омӯзишии ҷомеаи маҳаллӣ авангарди таҳсилоти калонсолон маҳсуб меёбад. Бино ба гуфти Зарина Халикова, директори намояндагии DVV International дар Тоҷикистон “Марказҳои омӯзишии ҷомеаи маҳаллӣ ин танҳо ҳуҷраҳои таълимӣ нест. Дар ин ҷо курсҳои маъмулӣ тавассути омӯзишҳо оид ба маҳорату малакаҳои ҳаётан муҳим такмил дода мешаванд, то қишри осебпазир ва эҳтиёҷманди ҷомеа ба шароити муосир ва хатарҳои иқтисодии он мутобиқ шаванд”.

Рӯзи нахусти конференсия ба модулҳои ҷаҳонии рушд, паҳлуҳои қонунгузории Тоҷикистон дар раванди таҳсилоти калонсолон бахшида шуд. Иштирокдорон таҷрибаи Олмон “Донишгоҳҳои халқӣ” ва модулҳои ҷолиби Урдуну Молдова ва Камбоҷаро муҳокима карданд. Аз ҷумла Галина Веремейчик, директори Офиси минтақавии DVV International дар Осиёи Марказӣ қайд намуд, ки модули олмонӣ беш аз 100 ин ҷониб истифода бурда мешавад. Ин модул самарабахшии таҳсилоти бетанаффусро дар рушди иқтисодӣ ва инкишофи ҷомеаи шаҳрвандӣ нишон дод.

Дар рӯзи дуюм задаи асосӣ ба раванди таҳсилоти калонсолон дар Осиёи Марказӣ гузошта шуд. Коршиносон аз Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон оид ба мавзӯъҳои гуногун, аз омӯзиш дар фазои

китобхона сар карда, то рушди Марказҳои таълими калонсолон дар се кишвари ҳамҷавор баромад карданд.

Рӯзи ҷамъбастии конференсия бевосита тавъамсозии назария ва бо амалия ба ҳисоб рафт. Зеро ширкатдорони бевосита ба марказҳои амалкунанда дар Ҷамоати деҳоти Себистони шаҳри Данғара, шаҳри Норак ва шаҳри Ваҳдат рафта, аз фаъолияти марказҳо аз наздик шинос шуданд. Дар ин марказҳо, ки фазои наврӯзӣ танинандоз буд, иштирокчиён рушди дуредгариву харротӣ, дӯзандагиву пазандагӣ, ороишу таълими рақамиро бо чашми худ диданд. Чӣ тавре Рано Ҷумъаева-Робак, директори ташкилоти ҷамъиятии “Томирис” қайд кард:

-Ҳадафи таъсиси ин марказҳо ва имрӯз ба меҳмонон нишон додани фаъолияти онҳо ин пешниҳоди воқеият буд. Яъне тавассути ин марказҳо ҳар як иштирокчӣ дида ва дарк карда тавонист, ки чӣ тавр таҳсилот дар тӯли ҳаёт рӯзгори одамони алоҳидаро тағйир дод. Таҳсилоте, ки бо додани маҳорату малакаҳои барои ҳаёт зарурӣ рӯзгори ҷомеаро беҳтар месозад.

Метавон гуфт, ки рақамисозии барномаҳои таҳсилоти калонсолон, тақвияти нақши таълими калонсолон дар масъалаҳои худиштиғолӣ ва рушди ҷомеа, муҳайёсозии майдони муколама байни давлат, тиҷорат, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва аҳолӣ, мутобиқсозии қонунгузорӣ бо воқеияти ҳол ва рушди минбаъда аз нуқтаҳои муҳимми конференсия буданд.

Чорабинии мазкур бо дастгирии Намояндагии DVV International дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби Вазорати федеролии Олмон оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва рушд (BMZ) маблағгузорӣ мешавад, баргузор гардид.