Вақте занон дар гуфтушунид иштирок мекунанд

Вақте занон дар гуфтушунид иштирок мекунанд

 

«Моро зарур аст, ки насли ба воя расидаистодаро дар руҳияи эҳтироми ҳамдигарӣ, таҳаммулпазирӣ ва ҳадигарфаҳмӣ бтарбият намоем. Мо таърихи умумӣ дорем, аз ҳаво нафас мекашем ва як обро менӯшем. Паҳлу ба паҳлуи ҳам солиёни зиёд зиндагӣ дорем. Тарбияи наврасон ва ҷавонон дар руҳияи дӯстӣ ва муносибатҳои дӯстона асоси зиндагии орому осудаи мост».

 

Алияхон Довудова.

 

Зиндагӣ рангҳои аҷиб доштааст. Баъзан кас ҳайрон мешавад, ки дар деҳаҳои дурдаст нафароне зиндагонӣ мекунанд, ки бештар аз сохторҳо дар суботи ҷомеа нақш доранд. Баъзан онҳо дар пешрафти ҷомеа ва сулҳу субот беҳтар аз як дастгоҳи пурқувват ҳиссагузорӣ карданашон мумкин аст, ки аз ин танҳо ангушти ҳайрат мегазеду бас. Яке аз ин гуна нафарон Алияхон Довудова, сокини деҳаи Сомониёни Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара, омӯзгори МТМУ  № 64 мебошад.  Ӯ солиёни дароз аст, ки дар деҳаи наздисарҳадӣ зиндагӣ мекунад ва агар мову шумо дар бораи  низои наздисарҳадӣ шунида бошем, Алияхон онро бо чашми сар дидаасту баҳри ҳаллаш талошҳо низ кардааст.

Фаъолнокии Алияхон Довудова бесабаб нест ва ӯ худаш мегӯяд:

-Иштирок дар чорабиниҳои лоиҳаи “Рушди деҳаҳои осоишта”, ба мисли тренингҳову чорабиниҳо барои волидайн ва омӯзгорон, академияи занон барои сулҳ чашми маро ба бисёр масъалаҳо кушод. Дарк кардам, ки пеши роҳи муноқишаҳоро гирифтан мумкин будааст. Барои ин, пеш аз ҳама фаъолнокӣ ва таҳаммулпазирии худи мо, сокинони назди сарҳад муҳим мебошад.

Суханони Алияхон Довудова ҷон доранд. Дар Сомониён, ки бо деҳаи Кӯктош ҳамсарҳад асту дар бисёр ҷойҳо аҳолии ин ду деҳа ба тариқи шоҳмот зиндагонӣ мекунанд, ҳолатҳое ҳастанд, ки нофаҳмиҳои байни кӯдакон ба муноқишаи калон оварда расонидааст. Ахиран такрорёбии ин гуна ҳолатҳо водор кард, ки санаи 24 сентябри соли 2021 занони ду ҷониб бо ҳам гуфтугӯ кунанд. Яке аз иштирокчиён ва ташаббускори ин кор бевосита  Алияхон Довудова буд. Ба саволи мо оид ба он ки чаро занони Сомониён ба ин кор даст заданду нигоҳи мардҳо чӣ гуна буд, Алияхон Довудова бо лабханд ҷавоб медиҳад:

- Ин кори мо ду сабаб дошт:  аввалан аз сабаби вазъи наонқадари хуби иҷтимоӣ занон талош доранд, ки саҳмашонро дар ҳалли масоили иҷтимоӣ бештар гузоранд. Барои ин бошад, оромиву субот лозим аст. Дуюм, аксар мардони деҳа дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд ва ногузир ҳалли проблемаҳо ба зиммаи занон меафтад ва занон дар асоси талаботи вақту замон кор мекунанд.  Мардҳое, ки дар деҳа ҳастанд ва онҳое, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ мебошанд, ин ташаббуси моро, яъне мулоқот бо занони ҳамсоядеҳаро хуб қабул карданд. Зеро ба андешаи онҳо занон нармтабиатанд ва мулоимсухан мебошанду одатан ба агрессия дода намешаванд. Аз ин лиҳоз агар таги дили мардҳоро гирем, онҳо мехоҳанд, ки занон дар ҳалли мушкилиҳои наздисарҳадӣ бештар фаъол бошанд. 

Ба андешаи Алияхон Довудова маҳорату малакаҳои омӯхтаи ӯ дар чорабиниҳои лоиҳаи “Рушди деҳаҳои осоишта” имкон доданд, ки дар ин ташаббуси занон фаъолона иштирок кунаду дар пешгирии низоъ ва хотима додан ба нофаҳмиҳо саҳм гузорад. Воқеан баъди ташаббуси охирини занон то ин дам низои калоне ба вуҷуд наомадааст ва боварӣ дорем, минбаъд низ бо саҳмгирии Алияхон Довудова барин занон он аз байн меравад.

-Ман, - идома медиҳад суханашро А.Довудова, - ният дорам, ки минбаъд низ бо занони ҳамсоядеҳа ҳамзистии осоиштаро беҳтар ба роҳ монам. Дар чорабиниҳои ҳамдигар хубтар иштирок кунем. Инчунин барои сокинони деҳаи Сомониён оид ба дӯстии падару бобоёнамон бо ҳамсояҳо ҳикоятҳо намоям.

Дар ин ҷо қаҳрамони мо аз падараш ёдовар шуд. Падари Алияхон Довудова – Мирмамадов Мир солҳои сол паҳлу ба паҳлу бо қирғизҳо зиндагонӣ кардаасту дар сари дастархони ҳамдигар онҳо меҳмони иззатманд будаанд.

-Ҳоло низ ,   - мегӯяд А.Довудова, - ин гуна мӯйсафедон ҳастанд ва бояд мо аз имкониятҳои онҳо истифода барем. Аз насли калонсол муносибат бо ҳамсояҳоро омӯзем. Ҷавононро бештар ба суҳбати мӯйсафедон ҷалб кунем, то ки барояшон мактаби сабақ ва омӯзиш шавад.

Дар ин радиф Абдуманнон Ваҳҳобов, яке аз калонсолони деҳаи Сомониён, ки дар ин ҷо беш аз 60 сол боз зиндагӣ дорад, мегӯяд, ки барои роҳ надодан ба низоъ бояд институти мӯйсафедонро барқарор намуд.  Зеро дар ҷомеаи мо калонсолонро эҳтиром мекунанду ба суханони онҳо гӯш медиҳанд.

Вобаста ба ҳамсоядорӣ ва оромӣ дар сарҳад Алияхон Довудова як сухан дорад: “Ҳамсоя аз Худованд аст.”  Бояд мо бо ҳамсоягони худ дар сулҳу субот зиндагонӣ кунем, ба арзишҳои ҳамдигар арҷ гузорем, нагузорем, ки ашки модарон дар сарҳад резаду фарзанди онҳо шикасте бинад.  Танҳо дар ҳамбастагӣ бо ҳамдигар мо метавонем минтақаамонро ба пешрафтатарин қисмати дунё табдил диҳем. Барои ин бошад танҳо як амал зарур аст: ҲАМЗИСТИИ ОСОИШТА.

Маводи мазкур дар доираи Лоиҳаи “Рушди деҳаҳои осоишта”, ки бо маблағгузории Иттиҳоди Аврупо, Вазорати федералии Олмон оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва рушд амалӣ шуда истодааст, омода гардидааст. Шарикони амалкунандаи лоиҳа дар Тоҷикистон ташкилоти ҷамъиятии “Ассотсиатсияи таҳсилоти калонсолони Тоҷикистон” ва дар Қирғизистон иттиҳодияи ҷамъиятии “Youth of Osh” (Ҷавонони Ош) буда, ташкилоти иҷрокунанда намояндагиҳои DVV International дар Тоҷикистон ва Қирғизистон ба шумор меравад.

Cookie-Settings
YOU ARE LEAVING DVV INTERNATIONAL
Important notice: If you click on this link, you will leave the websites of DVV International. DVV International is not responsible for the content of third party websites that can be accessed through links. DVV International has no influence as to which personal data of yours is accessed and/or processed on those sites. For more information, please review the privacy policy of the external website provider.