Таассуроти ҳайати тоҷикистонӣ аз муассисаҳои ислоҳии Олмон

Беҳтар намудани шароитҳои будубоши маҳкумшудагон ва омодасозии онҳо барои баромадан ба озодӣ яке аз самтҳои асосии фаъолияти муассисаҳои ислоҳӣ дар Тоҷикистон буда, дар ин самт пайваста тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд барномаву лоиҳаҳои мушаххас татбиқ мегарданд. Бо мақсади омӯхтани таҷрибаҳои пешқадами

Таассуроти ҳайати тоҷикистонӣ аз муассисаҳои ислоҳии Олмон

Беҳтар намудани шароитҳои будубоши маҳкумшудагон ва омодасозии онҳо  барои баромадан ба озодӣ яке аз самтҳои асосии фаъолияти муассисаҳои ислоҳӣ дар Тоҷикистон буда, дар ин самт пайваста тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд барномаву лоиҳаҳои мушаххас татбиқ мегарданд. Бо мақсади омӯхтани таҷрибаҳои пешқадами Олмон оид ба раванди азнавиҷтимоишавӣ ва азнавҳамгироишавии маҳбусон як ҳайати 12-нафараи тоҷикистонӣ иборат аз намояндагони Вазорати адлия, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ва ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ба шаҳри Берлини Олмон сафар кард. Зимни ин сафари омӯзишӣ, ки аз 30-юми сентябр то 8-уми октябри соли ҷорӣ давом ёфт, ҳайати тоҷикистонӣ бо ҳамтоёни олмонии худ вохӯрию суҳбатҳо гузаронида, аз муассисаҳои ислоҳии мардонаю занона ва дигар ташкилоту идораҳое, ки дар самти ҳимояи ҳуқуқҳои маҳкумшудагон ва собиқ маҳкумшудагон фаъолият мекунанд, дидан карданд.   

Наргис Зокирова, директори ташкилоти ҷамъиятии “Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният” ва яке аз аъзои ҳайат гуфт, ки аввалин вохӯрии ҳайати тоҷикистонӣ бо намояндагони “Донишгоҳҳои халқӣ” буд, ки онҳо оиди фаъолият ва барномаҳои ин муассисаи таҳсилоти иловагии калонсолон дар Олмон маълумот гирифтанд.

Дар Берлин 12 маркази таҳсилоти минбаъда мавҷуд аст. Марказе, ки ҳайати тоҷикистонӣ аз он дидан кард, ба омӯзонидани курсҳои забонҳо, тандурустӣ, омода намудани ғизои солим, санъати раскашӣ, ҳайкалтарошӣ ва кулолгарӣ машғул аст. Ба ин курсҳо талабот зиёд аст, чун марказ аз як то ду ҳазор нафар таълимгиранда дорад”, - иброз намуд Зокирова.

Ҳайати тоҷикистонӣ аз муассисаи ислоҳии мардонаи Justizvollzugsanstalt Plötzensee, ки дар шаҳри Берлин воқеъ аст, дидан кард, ки дар он 14 корманди иҷтимоӣ, аз ҷумла 3 нафар равоншинос, фаъолият мекунанд.

Тавре ки узви дигари ҳайат, муовини сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ворис Ғозизода мушоҳидаҳояшро иброз дошт, “Бо фарқ аз муассисаҳои ислоҳии Тоҷикистон барои маҳкумшудагони муассисаи мазкур либоси ягона муқаррар нагардида, балки ҳар яки онҳо либоси шаҳрвандии худро ба бар мекунанд. Мавҷуд будани нишонҳои сарисинагӣ ва маълумот дар бораи ному насаб, моддаи кодекси ҷиноятӣ, ки онҳо гунаҳгор дониста шудаанд, мансубияташон ба дастаи дахлдор ба назар нарасид. Корманди муассиса иброз дошт, ки чунин маълумотҳо шахсӣ эътироф шуда, на ҳар кас онро бояд донад, аз ин рӯ онҳо махфӣ нигоҳ дошта мешаванд”.

Ба гуфтаи Ғозизода, маҳкумшуда давоми шабонарӯз тавассути корти шахсӣ аз телефон истифода бурда, мувофиқи маблағи дар суратҳисобаш мавҷудбуда аз мағозаҳои махсуси бо муассиса шарномадошта маводи мавриди ниёзро фармоиш дода, дастрас мекунад. Маблағ ба суратҳисоби маҳкумшуда аз ҳисоби маоше, ки ҳангоми адои ҷазо аз меҳнати музднок ба даст меорад,  ё тавассути хешовандонаш гузаронида мешавад.

“Маҳкумшудагоне, ки дар муассисаи ислоҳии пушида адои ҷазо мекунанд, пас аз муҳлати муқарраркардаи қонун мумкин аст дар асоси пешниҳоди кормандони иҷтимоӣ аз ҷониби суд ба муассисаи ислоҳии шакли кушода гузаронида шаванд”, афзуд Ғозизода.

Шаҳло Абдунабизода, директори ТҶ-и “Ҷаҳон” ва иштирокчии сафари омӯзишӣ мегӯяд, яке аз таҷрибаҳои хубе, ки метавон дар Тоҷикистон амалӣ намуд, вохӯрии падари маҳкумшуда бо фарзанд аст.

 “Ин ҳуқуқи асосии кӯдак ва волидайн - вохӯрӣ бо падар ва муошират бо ӯ мебошад, ки дар тамоми муассисаҳои ислоҳии Олмон мавҷуд аст. Ин вақт (вохӯрӣ бо кӯдак) ба соатҳои мулоқот бо хешовандони маҳкумшуда дохил карда намешавад. Чунин вохӯриҳоро ҳафтае як маротиба ташкил кардан мумкин аст. Ташкилотҳои махсуси ҷамъиятие ҳастанд, ки ҷадвали вохӯрии падарону фарзандонро тартиб дода, онро бо роҳбарияти муассисаи ислоҳӣ мувофиқа мекунанд. Аммо на ҳама мардони маҳкумшуда метавонанд ба чунин вохӯриҳо ҳуқуқ пайдо кунанд: ин аз ҷинояти ӯ вобаста аст. Масалан, агар ӯ таҷовузкор, ё ситамгари оила бошад, пас вохӯрдани ӯ бо кӯдак манъ аст”, - гуфт  Абдунабизода.

Дар мавриди ҷубронпулӣ ба маҳкумшудагон қаблан дар Олмон таҷрибае буд, ки 4/7 музди меҳнати маҳкумшуда дар корти ӯ ҷамъ мешуд, то пас аз баромадан аз муассисаи ислоҳӣ озодшуда онро истифода барад. Аммо айни замон ин таҷриба аз байн бардошта шуда, ҳар як маҳкумшуда метавонад маошашро бидуни ҷамъкунии маҷбурӣ масраф кунад. Илова бар ин, маҳкумшуда баъди баромадан ба озодӣ ба маблағи 800 евро кумакпулӣ мегирад.

Тибқи иттилои СММ дар соли 2020, ба ҳисоби миёна шумораи занон дар саросари ҷаҳон 7 дарсади маҳбусонро ташкил медиҳад, аммо шумораи онҳо дар қиёс бо мардон бо суръат афзоиш меёбад. Ин аст, ки ҳайати кории мазкур аз муассисаи ислоҳии занонаи Берлин (JVA fur Frauen Berlin) дидан карданд.

“Бо фарқ аз Тоҷикистон дар Олмон ҳабси абад барои занон вуҷуд дорад ва дар ин муассисаи ислоҳӣ 4 зан бо чунин ҳукм маҳкум шуда буданд. Духтарони ноболиғи маҳкумшуда якҷоя бо занон нигоҳ дошта мешаванд, зеро шумораашон хеле кам буда, дар тамоми Берлин ҳамагӣ то 10 нафарро ташкил медиҳад. Аксари занон бо гуноҳи дӯздӣ ва қаллобӣ маҳкум шудаанд. Сабаби ба дӯздӣ даст задани бештари занон ин ба нашъамандӣ мубтало будани онҳост. Аз лиҳози тозагӣ маҳбаси занон аз мардон хеле фарқ мекард ва шароитҳо барои вақтгузаронии модарон бо фарзандон дар сатҳи олӣ муҳайё гардидаанд.   Нисбат ба шумораи маҳбусон дида миқдори ҷойҳои корӣ хеле кам аст. Бинобар ин, рақобат вуҷуд дорад ва маҳкумшудагон бояд худро хуб муаррифӣ кунанд, то соҳиби ҷойи кор шаванд. Ба ҳисоби миёна, музди меҳнат дар муассисаи ислоҳӣ дар як рӯз аз 12 то 19 евроро ташкил медиҳад, ки аз ин маблағ ҳеҷ гуна андоз гирифта намешавад. Кор дар муассисаи ислоҳӣ ба собиқаи умумии корӣ дохил карда мешавад”, чунин иброз дошт сардори муассисаи ислоҳии занонаи шаҳри Норак Алимова Робия, ки дар ин ҳайат шомил буд.

Нақши ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар дубора ворид шудани собиқ маҳбусон ба ҷомеа яке аз ҷанбаҳои муҳими ҷомеаи мардумсолорӣ аст. Ин буд, ки гуруҳи кориро бо кору фаъолияти ташкилоти ҷамъиятии Tatort-Zukunft шинос намуданд. 

Ин созмони ғайридавлатӣ лоиҳаи “Донишгоҳ дар зиндонҳо” дошта,  онҳо донишҷӯёнро ба муассисаи ислоҳӣ меоранд, ки бо маҳкумшудагон муошират кунанд. Ба ақидаи роҳбари ин ташкилоти ҷамъиятӣ бояд маҳкумшудагон аз ҷомеа ва равандҳои дар он пайдогардида ба таври куллӣ дурӣ надошта, балки ба таври лозима ҳамқадами шахсони дар озодӣ қарордошта бошанд. Чун рӯзе фаро мерасад, ки онҳо низ ба озодӣ мебароянд ва бояд дар ҳама маврид омодаи бархӯрди дуруст бошанд. Бинобар ин барои шаклгирии маҳкумшудагон ба аъзои зеҳнан солими барои ҷомеа манфиатовар, раванди болозикр таъсири мусоидро доро мебошад”, - иброз менамояд Қодирзода Мирзоқодир ҳуқуқшинос ва яке аз дигар иштирокчии гуруҳи кории болозикр.

Баъд аз бозгашт ба Тоҷикистон иштирокчиёни сафари омӯзишӣ тавсияҳои худро ба ташкилкунандагон ироа карда, аз ҷумла пешниҳод намуданд, ки барои беҳтар намудани низоми муассисаҳои ислоҳӣ чунин иқдомот заруранд:

  • ҷорӣ намудани таҷрибаи боздидҳои иловагӣ байни падарону фарзандони маҳкумшуда, ки набояд ба соатҳои умумии мулоқот бо хешовандон дохил шавад;
  • таҳияи қонун дар бораи азнавиҷтимоишавӣ ва азнавҳамгироишавии собиқ маҳкумшудагон ба ҷомеа;
  • таҳияи қонун дар бораи пешгирии ҷиноятҳои интернетӣ ва ҳифзи қурбониён;
  • сомонаи ҳамгироии шабака барои маҳбусон ва озодшудагонро омӯхта, дар бораи имкони таъсиси сомонаи шабеҳ дар Тоҷикистон фикр бояд кард;
  • лоиҳаи ташкилоти ҷамъиятии «Таторт зукунфт»-и Берлин оид ба «Донишгоҳ дар зиндонҳо»-ро омӯхта, имкони ҷорӣ ва татбиқи чунин лоиҳаро дар Тоҷикистон дида баромадан лозим аст.

Қобили зикр аст, ки ин сафари омӯзишӣ дар чорчӯбаи лоиҳаи «Ҳимояи ҳуқуқҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии маҳкумшудагон ва собиқ маҳкумшудагон дар Тоҷикистон» ташкил карда шуд. Лоиҳаи мазкур аз тарафи Иттиҳоди Аврупо ва Вазорати федералии ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушди Олмон маблағгузорӣ шуда, тавассути Намояндагии DVV International дар Тоҷикистон дар шарикӣ бо ташкилотҳои ҷамъиятии “Ҷаҳон” ва “Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният” татбиқ мегардад.   

Cookie-Settings
YOU ARE LEAVING DVV INTERNATIONAL
Important notice: If you click on this link, you will leave the websites of DVV International. DVV International is not responsible for the content of third party websites that can be accessed through links. DVV International has no influence as to which personal data of yours is accessed and/or processed on those sites. For more information, please review the privacy policy of the external website provider.