Тағйироти мусбат дар ҳаёти ҷавонони Бадахшон тавассути иштироки фаъол дар раванди рушди иҷтимоиву иқтисодӣ

Моҳи марти соли 2015,  бо  дастгирии Иттиҳоди Аврупо,  Муассисаи  ҳамкориҳои байналмилалии Ассотсиатсияи таълими калонсолони Олмон (DVV International) як лоиҳаи нави 3-соларо бо номи «Тавсеаи ваколатҳои ҷавонон оид ба  рушди устувор ва тағйирот”  оғоз  намуд, ки он  дар доираи  барномаи “Ширкат дар сулҳофаринӣ”-и  Иттиҳоди Аврупо, бахши “«Бокортаъминкунии ҷавонон ҳамчун сулҳофаринӣ ва роҳи пешгирии низоъ” амалӣ карда мешавад.

“DVV International” ҳамчун масъули иҷроиш ва танзими  лоиҳа  дорои  таҷрибаи  бои иҷрои барномаҳои  рушд, аз ҷумла  дар  лоиҳаҳои  рушди соҳаи маориф  мебошад,  ки  дар минтақаи Осиёи Марказӣ  амалӣ  карда шудаанд. Шарикони иҷроиш  аз ҷумлаи сохторҳои маҳаллӣ- ташкилотҳои ҷамъиятии «Нур», «Мадина» ва филиали вилоятии Маркази миллии таълими калонсолон мебошанд. Лоиҳаи мазкур аз тарафи Иттиҳоди Аврупо (494 096 евро= 80%) ва Вазорати федералии Олмон оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушд (130 904 евро =  20%), маблағгузорӣ мешавад.

Фаъолияти лоиҳа 7 ноҳияҳои ВМКБ ва маркази он- шаҳри Хоруғро дар бар мегирад.

Ҳадафи умдатари ин лоиҳа-  паст намудани ташаннуҷи имконпазири иҷтимоӣ дар ВМКБ мебошад, ки тавассути таъсиси  ҳамкориҳои қавӣ ва самараноки пешвоёни ҷавон-  иштирокчиёни муколамаи сиёсӣ ва равандҳои рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии маҳалли худ  ба нақша гирифта шудааст, ки тариқи эҷоди як фазои устувор ва мураттаб  ба даст оварда мешавад.  

Лоиҳа такмили зарфияти кадрӣ ва техникии ҳар се ташкилотҳои шарики маҳаллиашро ба нақша гирифтааст, ки мақсад  аз ин: а) мусоидат ба  воқифгардонии  шаҳрвандон оид ба иштироки фаъоли онҳо дар тамоми равандҳои иҷтимоӣ-иқтисодии ҷомеаи худ  ва  б) мусоидат ба коҳиши  сатҳи  бекорӣ  мебошад.  (Расидан ба  мақсади мазкур тавассути ташхиси хизматрасониҳои зарурӣ дар бозори маҳаллии меҳнат; ба роҳ мондани таҳсилот аз рӯи он касбҳо; таваҷҷӯҳ ба  таъсиси ҷойҳои нави корӣ  ва беҳтар намудани вазъи  иқтисодӣ дар маҳалҳои мавриди таваҷҷӯҳи лоиҳа дар назар аст). Гурӯҳҳои  бевоситаи мавриди таваҷҷӯҳи  лоиҳа: 1500  нафар  ҷавонони синни аз 15 то 29 (хатмкунандагони  курси  маърифати шаҳрвандӣ, тренингҳо  оид ба  соҳибкорӣ, курсҳои касбӣ ва иштирокчиёни маҳфилҳои  муколама); 16  нафар  тренерони нав/ мутахассисони роҳнамоии касбӣ  ва 12 мушовирон  оид  ба  рушди соҳибкории хурд; 10  нафар  кормандони  сатҳи роҳбарӣ аз ТҶ-ии шарик ва филиали вилоятии  Маркази  миллии таълими калонсолон (МТК); 25  нафар мударрисони  ҷавонон аз 9 ТҶ/ созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ; 50  нафар кормандони мақомоти  ҳукумати маҳаллӣ;  30  нафар  соҳибкорони  навкор  ва 50  нафар  кормандони сохторҳои мавҷудаи соҳибкорӣ.

ВАРАҚАИ ИТТИЛООТӢ >>

 

Cookie-Settings
YOU ARE LEAVING DVV INTERNATIONAL
Important notice: If you click on this link, you will leave the websites of DVV International. DVV International is not responsible for the content of third party websites that can be accessed through links. DVV International has no influence as to which personal data of yours is accessed and/or processed on those sites. For more information, please review the privacy policy of the external website provider.