Самараи давраҳои омӯзиши калонсолон: занони тоҷик соҳиби кор мешаванд

Самараи давраҳои омӯзиши калонсолон: занони тоҷик соҳиби кор мешаванд

МД “Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» (МТКТ) –и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва созмонҳои байналхалқии муқими Тоҷикистон шаҳрвандони ҷавон, калонсол, бахусус занони хонашинро ба касбомӯзӣ ҷалб месозад. Шаҳрвандон дар ин муассиса аз рўи ихтисосҳои қаннодиву дўзандагӣ, кор бо компютеру муҳосибот, электрику сантехник, кошинкор ва заргар, инчунин чандин касбу ихтисосҳои ҷавобгў ба бозори меҳнат, аз ҷумла малакаҳои ҳаётиро меомӯзанд. Чаҳор тан аз заноне, ки дар филиалҳои МТКТ таҳсил кардаву соҳиби кор шудаанд, аз муваффақиятҳои худ нақл карданд.

Мавҷуда Эшоноваи 51-сола аз шаҳри Гулистони вилояти Суғд аз соли 2010 то ибтидои тобистони соли 2022 хонашин буд. Вай гуфт, аввали тобистони соли ҷорӣ аз намояндаи филиали МТКТ дар шаҳри Гулистон ба маҳаллаи онҳо рафта, аз таъсисёбии давраҳои омӯзиш хабар доданд.

“Таблиғ карданд, ки биёед, касб омӯзед. Ман рафтам, қаннодӣ - таҳия кардани ғизо, кулчақанд ва тортро интихоб кардам”, - гуфт Мавҷуда Эшонова.

Ба гуфтаи вай, дарсҳо моҳҳои июн-июл давом карда, давраи қаннодиро 15 зани хонашин аз шаҳри Гулистон  хатм кардаанд. Мавҷуда аз усули  таълим дар марказ ва дастгоҳҳои мавҷудаи  он хуб ситоиш кард.

“Дастгоҳҳои пухту паз ҳамааш нав буданд. Ҳамаи дастгоҳҳо бо дастгирии намояндагии DVV International дар Тоҷикистон фароҳам оварда шуда буданд. Мо дар ҳафта 3 маротиба дарс меомӯхтем. Ман тарзи омода кардани тортҳои навъи “Наполеон”, “Медовий”, кулчақандҳо ва ҳар гуна шириниҳоро омӯхтам”, - нақл кард Мавҷуда Эшонова.

Ба гуфтааш, ҳоло аз пайвандон ва ҳамсояҳояш барои таҳия кардани ин шириниҳо супориш мегирад ва аз ин ҳисоб даромад ҳосил мекунад. Мавҷуда ҳамчунин шириниҳои пухтаашро ба мағозаҳои маҳаллӣ истиқоматаш пешниҳод мекунад. Вай мегӯяд, дар баробари ин корҳо занони дигари маҳалли истиқоматашро тарғиб мекунад, ба маркази таълими калонсолон рафта, касбу кор омӯзанд.

Ин сокини шаҳри Гулистон ҳамчунин баъди иштирок дар давраҳои омӯзиш ангезаи идомаи таҳсил пайдо карда, тасмим гирифтааст, ки ба мактаби олӣ ҳуҷҷат супорад. Мавҷуда Эшонова дар 51-солагӣ ҳамакнун донишҷӯи факултаи «Таҳсилоти ибтидоӣ ва педагогикаи махсус»-и Донишгоҳи давлатии шаҳри Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров аст.

Намояндаи  МТКТ дар шаҳри Гулистон на танҳо давраҳои омӯзиши қаннодӣ, балки омӯзиши асосҳои кор бо компютер, барқчӣ, малакаҳои ҳаётӣ, рушди шахсӣ, идоракунӣ, муоширати самаранок ва тарзи таълим додани калонсолон ва ғайраро ба роҳ мондааст.

Гулнора Холмирзоева яке аз дигар занони шаҳри Гулистон аст, ки дар маркази калонсолон  кор бо компютерро аз худ кардааст.

Гулнора мегӯяд, вай низ тобистони соли 2022 дар давраҳои омӯзиши маркази калонсолон ширкат кардааст. 

“Ман дар намояндагии ширкати “Тоҷиксуғурта” дар шаҳри Гулистон кор мекунам. Пештар кор бо компютерро намедонистам, ҳар дафъа аз ҳамкорон кӯмак мехостам. Ба давраҳои омӯзиш рафтам, ҳама компютерҳо нав буданд, бо кӯмаки DVV International дастрас шуда буданд. Кор бо Excel ва Word-ро омӯхтам. Ҳоло дигар аз ҳамкорон кӯмак намепурсам, ҳамаашро худам анҷом медиҳам”, - гуфт Холмирзоева. Вай ният дорад, ки дар сурати ба роҳ мондани давраи омӯзиши кор бо барномаи 1С - барномаи муҳосибот - бори дигар ба МТКТ рафта, барномаи мазкурро омӯзад.

Мавҷуда Забирова, сокини шаҳри Норак аз иштирокчиёни дигари давраҳои омӯзиши калонсолон аст, ки айни замон калонсолони дигарро таълим медиҳад. Мавҷуда соли 2018 бори аввал дар семинарҳое иштирок кард, ки аз сӯи ташкилоти ҷамъиятии “Томирис” бо кӯмаки DVV International дар шаҳри Норак баргузор шуданд. 

“Семинарҳо пайи ҳам ташкил мешуданд, ҳам иштирок мекардам ва ҳам тарзи корашонро меомӯхтам. Баъдтар маро ба ҳайси мураббӣ (тренер) ба ташкилоти ҷамъиятии “Томирис” ба кор даъват карданд. Бо кӯмаки DVV International охири соли 2019 ва аввали соли 2020 курси чаҳормоҳаи андрагогика – усули таълими калонсолонро хатм кардам”, - гуфт Мавҷуда Забирова.

Ҳоло вай дар филиалу намояндагии МТКТ дар шаҳри Норак ва дар ҷамоати деҳоти Себистони Данғара ба занону духтарони хонашин дар мавзуи малакаҳои ҳаётӣ семинар мегузаронад.

Мастона Бердиева, сокини шаҳри Норак, ки пештар дар хонааш ба дузандагӣ машғул буд, дар филиали МТКТ дар семинарҳое дар мавзуҳои рушди шахсӣ, идоракунӣ, муоширати самаранок ва тарзи таълим додани калонсолон малакаашро такмил дода, ҳоло ба занону духтарони дигар дузандагӣ меомӯзад.

Мастона мегӯяд, соли 2021 бори аввал барои иштирок дар семинарҳое омад, ки ташкилоти ҷамъиятии “Томирис” бо кӯмаки DVV International ба роҳ монда буд. Аммо дертар худи Мастона ба кор ҷалб шуд.

“Ҳар соле ба ду-се гуруҳи иборат аз 15-нафарии занону духтарон дузандагиро ёд медиҳам. Ҳамаи занон аз аввал то охир иштирок мекунанд, қариб ҳамааш соҳибкасб мешаванд. Хоҳишмандон хеле зиёданд. Бештари занон ки хонашин ҳастанд, мехоҳанд дар хона нишаста, даромад ба даст оранд”, - нақл кард Мастона Бердиева.

Дар солҳои охир Намояндагии DVV International дар Тоҷикистон консепсияи Марказҳои таълими калонсолони Тоҷикистон дар маҳаллҳоро (Community Learning Centers) дар якҷоягӣ бо ташкилотҳои ҷамъиятии “Саодат” ва маркази фарҳангиву омӯзишии “Томирис” пешбарӣ мекунад. Айни замон филиалҳову намояндагиҳои Муассисаи давлатии “Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон” дар шаҳрҳои Норак, Гулистон, Ваҳдат ва ҷамоати деҳоти Себистони ноҳияи Данғара касбомӯзӣ ва малакаҳои ҳаётиро ба ҷавонон ва калонсолон пешниҳод мекунад. Ин фаъолият аз ҷониби Вазорати Федеролии Олмон оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва рушд (BMZ) маблағгузорӣ мешавад.

Cookie-Settings
YOU ARE LEAVING DVV INTERNATIONAL
Important notice: If you click on this link, you will leave the websites of DVV International. DVV International is not responsible for the content of third party websites that can be accessed through links. DVV International has no influence as to which personal data of yours is accessed and/or processed on those sites. For more information, please review the privacy policy of the external website provider.