НАБОЯД БОЗ ИСТӢ РУШДУ РАВНАҚ ДЕҲ!

Дар давраи фаъолияти Маркази таълимии ҷомеаи маҳаллӣ (МТҶМ) дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд ҳудуди 120 нафар донишҷӯ шаҳодатномаи хатми курсҳои касбӣ гирифтанд. Бисёре аз хатмкунандагони курсҳои МТҶМ аз имкони татбиқи дониши худ дар ҷои кор ба натиҷаҳои муайян ноил гардида, соҳиби касбу малака шуданд, ки сифати зиндагии онҳоро беҳтар карданд.

Дар давраи фаъолияти Маркази таълимии ҷомеаи маҳаллӣ (МТҶМ) дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд ҳудуди 120 нафар донишҷӯ шаҳодатномаи хатми курсҳои касбӣ гирифтанд. Бисёре аз хатмкунандагони курсҳои МТҶМ аз имкони татбиқи дониши худ дар ҷои кор ба натиҷаҳои муайян ноил гардида, соҳиби касбу малака шуданд, ки сифати зиндагии онҳоро беҳтар карданд. Маркази таълими ҷомеаи маҳаллӣ дар шаҳри Гулистон на танҳо курсҳои касбомӯзӣ, балки ҳамчунин омӯзиши малакаҳои ҳаётӣ: рушди шахс, идоракунӣ, муоширати муассир, зиндагии мустақилона, банақшагирии тиҷорат, одоби корӣ, кор бо маъюбон, аз ҷониби тренерони Ташкилоти чамъиятии «Саодат» ва DVV International дар Тоҷикистон гузаронида мешавад.

Иштирокчиёни омӯзиш омӯзгорони МТҶМ, намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, сокинони ҷамоатҳо ва ҷамиятҳои маҳаллии шаҳри Гулистон буданд. Гузаронидани омӯзиш дар мавзӯи «Чӣ тавр бояд лоиҳа навишт, ки соҳиби мини-грант шавӣ» аз ҷониби тренери Намояндагии DVV International дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи ташаббускори таъсисдодашударо барои амалӣ намудани ғояҳо оид ба беҳтар намудани сифати зиндагии сокинони ҷамоатҳои дурдаст ҳавасманд намуд.

Омӯзиш барои сокинони ҷамъиятҳои маҳаллии шаҳри Гулистон барои муайянсозии мушкилоти ҷомеа ва навиштани лоиҳа имконияти хуб фароҳам овард. Намояндагони ҷамоати шаҳраки Сирдарё идеяи бунёди майдончаи бачагонаи «Ситорача» ва дар ҷамоати Чорукдаррон ғояи ободонии майдони фароғатии «Хиёбони зебоӣ»-ро асоснок намуданд.

Инчунин дар робита бо хоҳиши ҷамъиятҳои маҳаллӣ барои саҳмгузорӣ дар амалисозии ғояҳо тавассути амали гурӯҳҳои ташаббускори таъсисдодашуда бояд гуфт, ки гурӯҳҳои ташаббускор тамоми донишу малакаҳои дар рафти татбиқи лоиҳа гирифтаи худро барои баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ ва аз худ намудани малакаҳои зиндагӣ барои сокинони маҳалла самаранок истифода бурданд.

Фаъол, сармутахассиси ҷамоати Сирдарёи шаҳри Гулистон Юсупова М. лоиҳаи ҳисобу китоби бунёди майдончаи бачагонаро дар ҳудуди бинои истиқоматӣ, ки дар он шумораи зиёди кӯдакон зиндагӣ мекунанд, пешниҳод намуд.

Намояндаи ҷамоати Чорукдаррон Бердиева Наргиса лоиҳаи ободонии шаҳрак дар кӯчаи Қушманов бинои 4-ро, ки дар он пиронсолону нафақахӯрон бештар зиндагӣ мекунанд, лоиҳаи «Хиёбони зебоӣ»-ро муаррифӣ намуд.

Идеяҳои фаъолон барои ҳалли мушкилоти ҷомеа аз ҷониби Намояндагии DVV International дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуданд. Ҷамоатҳои Сирдарё ва Чорукдаррон барои ободонии майдонча ва гулгашти фароғатӣ дар шакли масолеҳи сохтмонӣ кумаки техникӣ гирифтанд. Фаъолони ҷамоат дар шакли ҳашар саҳми худро гузоштанд.

Намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон Сатторова Матлуба судманд будани лоиҳаро барои сокинони ҷамоатҳои маҳаллӣ қайд намуд, ки он дар татбиқи донишу малакаҳои андӯхташуда ҳангоми омӯзиш дар курсҳои маркази мазкур ифода меёбад. Имрӯз бисёре аз хатмкунандагони курсҳо аз рӯи ихтисоси худ ҷойи корӣ пайдо намуда, даромади оилаи худро зиёд карда истодаанд. Зоҳидов Чаҳонгирро мисол овардан мумкин аст, ки дар қаҳвахонаи шахсии шаҳри Душанбе ба ҳайси ёрдамчии ошпаз кор мекунад, Воҳидова Нигорахон ҳамчун ошпаз дар фабрикаи мурғпарварии шаҳри Гулистон фаъолият мебарад, Мусоева Наргиза ошпази осоишгоҳи «Соҳил». Бекназарова Маҳлиё ва дигар хатмкунандагон баъди соҳиби касб шудан дар коргоҳҳои дӯзандагии шаҳри Гулистон ба кор даромаданд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон аз фаъолияти наҷиби ҳамаи шарикон баҳри беҳбуд бахшидан ба вазъи иҷтимоию иқтисодии сокинони ҷамоатҳои маҳаллӣ истиқбол намуда, барои корҳои муфиде, ки аз ҷониби кормандони ТҶ-и «Саодат» бо дастгирии Намояндагии DVV International дар Тоҷикистон ва маблағгузории Вазорати федералии ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушди Олмон (BMZ) анҷом дода мешавад, изҳори сипос менамояд.

Муҳаммадалиева Муҳайё, директори Филиали Муассисаи давлатии Маркази таълимии калонсолон (МТК) дар шаҳри Гулистон, ки дар асоси он лоиҳаи МТҶМ амалӣ мегардад, қайд намуд, ки маъмурият имкон дорад, ки бо сокинони ҷамоати маҳаллӣ ҳамкории зич намуда, ба онҳо мувофиқи эҳтиёҷ ва талаботи онҳо курсҳо ва барномаҳо пешниҳод намояд. Ёрдамчии лоиҳа, корманди ТҶ-и «Саодат» М.Атаева бори дигар таъкид намуд, ки нақшаҳои Маркази таълимии калонсолон дар шаҳри Гулистон ва лоиҳа асосан ба беҳтар намудани шароити зиндагии сокинони ҷамияти маҳаллӣ нигаронида шудааст.

Айни замон дар асоси натоиҷи пажӯҳишҳои соли 2022 аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии «Саодат» маълум шудааст, ки занони зиёд пешниҳоди кушодани курси такмили ихтисоси сартарошро доранд. Барои кушода шудани ин курсхо тамоми шароит фарохам оварда шудааст, ки дар онҳо алакай 12 нафар занону духтарони шаҳри Гулистон таҳсил кардаанд. Ва бояд гуфт, ки бо ҳар як курси нав шумораи шахсоне, ки хоҳиши ин ё он ихтисосро дар курсҳои МТК дар шаҳри Гулистон аз худ карданӣ мешаванд, меафзояд ва соҳиби касбу ҳунарҳое мегардад, ки ба кору зиндагии оянда кумак мекунад.

Л. Мамадҷонова

Cookie-Settings
YOU ARE LEAVING DVV INTERNATIONAL
Important notice: If you click on this link, you will leave the websites of DVV International. DVV International is not responsible for the content of third party websites that can be accessed through links. DVV International has no influence as to which personal data of yours is accessed and/or processed on those sites. For more information, please review the privacy policy of the external website provider.