МУВАФФАҚИЯТҲОИ БЕНЕФИТСИАРОНИ МАРКАЗИ ТАЪЛИМИ КАЛОНСОЛОНИ МАҲАЛЛӢ ДАР ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ СЕБИСТОНИ НОҲИЯИ ДАНҒАРА

Бозомӯзӣ роҳи Муҳаммадҷонро кушод

Муҳаммадҷон Хӯҷаназаров, чанде пеш дар деҳаашон коргоҳи кафшергарии худро ифтитоҳ намуд. Ӯ барои ноил шудан ба ин муваффақият аввал дар назди худ мақсад гузошт. Ҳарчанд солҳо боз ин ҷавон кафшергар буд, аммо маҳорати касбиаш барои сохтани ҳамагуна ашёи оҳанин намерасид. Вай дӯконеро ба иҷора гирифта, танҳо дарвоза ва панҷара омода мекард. Бар замми ин сифати кораш худи ӯро ҳеҷ қонеъ намекард. Дар ин миён Муҳамадҷон ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафт. Вақте ӯ аз Русия ба Ватан баргашт алакай дар деҳаҳашон Маркази таҳсилоти калонсолони маҳаллӣ ифтитоҳ ёфта буд. Бо шунидани он Муҳаммадҷон тасмим гирифт, ки бозомӯзӣ карда, аз болои худаш кор кунад. Ҳамин тавр вай соли 2022 аз рӯи тахассуси худ тариқи валидатсия (шаҳодатномакунонии малакаи касбӣ) дар Маркази таҳсилоти калонсолони маҳаллии ҷамоати деҳоти Себистони ноҳияи Данғара таҳсил намуд. Давоми ду ҳафта нозукиҳои кафшергариро омӯхта, Муҳамммадҷон Хӯҷаназаров ҳуҷҷати расмии давлатӣ –шаҳодатномаи хатмро ба даст овард. Сипас, вай боз муҳоҷирати меҳнатиро ихтиёр намуда дубора ба Русия рафт.

 

МУВАФФАҚИЯТҲОИ БЕНЕФИТСИАРОНИ МАРКАЗИ ТАЪЛИМИ КАЛОНСОЛОНИ МАҲАЛЛӢ ДАР ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ СЕБИСТОНИ НОҲИЯИ ДАНҒАРА

Бозомӯзӣ роҳи Муҳаммадҷонро кушод

Муҳаммадҷон Хӯҷаназаров, чанде пеш дар деҳаашон коргоҳи кафшергарии худро ифтитоҳ намуд. Ӯ барои ноил шудан ба ин муваффақият аввал дар назди худ мақсад гузошт. Ҳарчанд солҳо боз ин ҷавон кафшергар буд, аммо маҳорати касбиаш барои сохтани ҳамагуна ашёи оҳанин намерасид. Вай дӯконеро ба иҷора гирифта, танҳо дарвоза ва панҷара омода мекард. Бар замми ин сифати кораш худи ӯро ҳеҷ қонеъ намекард. Дар ин миён Муҳамадҷон ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафт. Вақте ӯ аз Русия ба Ватан баргашт алакай дар деҳаҳашон Маркази таҳсилоти калонсолони маҳаллӣ ифтитоҳ ёфта буд. Бо шунидани он Муҳаммадҷон тасмим гирифт, ки бозомӯзӣ карда, аз болои худаш кор кунад. Ҳамин тавр вай соли 2022 аз рӯи тахассуси худ тариқи валидатсия (шаҳодатномакунонии малакаи касбӣ) дар Маркази таҳсилоти калонсолони маҳаллии ҷамоати деҳоти Себистони ноҳияи Данғара таҳсил намуд. Давоми ду ҳафта нозукиҳои кафшергариро омӯхта, Муҳамммадҷон Хӯҷаназаров ҳуҷҷати расмии давлатӣ –шаҳодатномаи хатмро ба даст овард. Сипас, вай боз муҳоҷирати меҳнатиро ихтиёр намуда дубора ба Русия рафт.

-Барои фаъолияти қонунӣ дар ҳамаҷо ҳуҷҷати расмии касбӣ, яъне шаҳодатнома ва ё диплом хеле муҳим аст, - мегӯяд кафшергар Муҳаммадҷон Хӯҷаназаров. –Солҳои пеш ҳам ба муҳоҷирати меҳнатӣ мерафтам. Дараҷаи касбиам, ки паст буд ва дар даст шаҳодатномаи муассисаи таълимиро надоштам, маро дар корхона ва ё иншооте ҳамчун кафшергар ба кор қабул намекарданд. Барои ҳамин ба корҳои гуногун машғул будам. Ин дафъа баъд аз хатми курси кӯтоҳмуддати МТКМ боз ба Русия рафтам ва дар як ширкати сохтмонӣ аз рӯи тахассусам ба кор даромадам. Вақте диданд, ки тибқи шаҳодатномаи касбӣ кафшергари дараҷаи чор ҳастам, маро дар сохтмоне аз санҷиш гузаронида, боварӣ ҳосил намуданд, ки корро бо нузукиҳояш омӯхтаам. Ва онҳо низ барои тасдиқи дараҷаи касбиам ба ман сертификат доданд. Бо ҳамин роҳам кушода шуд ва бо маоши баланд як сол кор кардам, - нақл мекунад ин ҷавони ҳунарманд.      

Чанде пеш Муҳаммадҷон ба зодгоҳи худ баргашта, дар канори роҳи мошингарди маркази ҷамоати деҳоти Себистон дар коргоҳи масолеҳи сохтмонӣ ва кафшергарӣ бунёд намуд. Ҳамакунун бештар аз як моҳ мешавад, ки онҷо ба омода намудани номгӯи мухталифи ашёи аз оҳан, пӯлод ва алюмин истеҳсолшаванда машғул аст. Ҳамчунин ӯ бо истифода аз ҳунари омӯхтааш баъзе аз қисмҳои эҳтиётии мошинҳоро таъмир мекунад, ки ба гуфтаи худаш на ҳар усто аз уҳдаи кафшернамоии пӯлод ва алюмин мебарояд.

Ин ҳунарманд мегӯяд, ки ӯро дар Русия корфармоёнаш интизоранд. Вале вай тасмим дорад, ки дар маҳали зисташ боқӣ монда, корашро ҳаминҷо идома диҳад. Зеро ба гуфтаи Муҳаммадҷон маҳсули дасти ҳунарманд ҳам Ватан харидор дораду берун аз он.

Муҳаммадҷон Хӯҷаназаров аз кору даромади худ дар коргоҳи навбунёдаш изҳори қоноатмандӣ ва хушҳолӣ намуда, мегӯяд, ки аз ин ҳисоб рӯзгори хонаводаашро фаровон пеш мебарад. Ӯ дар охири суҳбат як байти Мавлоно Ҷалолиддини Балхиро мисол оварда, дигар ҷавононро низ ба касбомӯзӣ талқин намуд:

Ҳеҷ кас аз пеши худ чизе нашуд,

Ҳеҷ оҳан ханҷари тезе нашуд.

 

Қадамҳои аввалини занони хонашин ба сӯи соҳибкорӣ

Агар дар гузашта рисолати занони рустонишини тоҷик тарбияи фарзандону субҳ то шом анҷоми кори хона буд, имрӯз бо тақозои замон он тағйир ёфт. Қаблан миёни мардум андешае роиҷ буд, ки бояд мардони хона кор кунанду занон хонанишин бошанд. Аммо имрӯз чунин нест. Зеро бо фароҳам гардидани шароити созгор занони деҳот низ имкон пайдо карданд, ки бо омӯхтани касбу ҳунар ва малакаҳои лозимӣ ҳадди ақал дар хона ҳам ба кори даромадноке машғул шуда, аз ин ҳисоб эҳтиёҷоти худу оилаашонро бароварда созанд, - дар оғози суҳбат иброз дошт сокини деҳаи Себистон Фазиламоҳ Азамова.

Ин зани миёнасол ҳарчанд таҷрибаи кофии рӯзгор дорад, аммо бо мақсади оғози фаъолияти касбӣ дар хона соли гузашта тасмим гирифт, ки ҳунари қаннодиро аз худ кунад. Ӯ ба Маркази таълими калонсолони маҳаллии деҳаашон, ки моҳи майи соли 2022 ташкил ёфт, муроҷиат намуда, ҳамроҳ бо дигар занону духтарон давоми ду моҳ таҳсил намуд.

-Фикр мекунам, ки ҳар зани тоҷик новобаста ба касбу кораш аз ӯҳдаи пазандагию дӯзандагӣ бояд барояд. Ман низ ҳамчун бонуи хонадон бо таҷрибаи бисёрсолаи худ дар хона пухтупаз мекардам. Аммо бо исрор иқрор мешавам, ки нозукиҳои қаннодиро ба таври лозима намедонистам. Инҷо на танҳо пухтупази маҳсулоти қаннодиро омӯхтам, балки тибқи меъёр ва талабот омода намудани аънои гуногуни ғизоӣ аз ҷумла шириниҳо, кулчақандҳо, хуришҳо ва таъомҳои миллиро низ аз худ намудам. Баъд аз хатми муваффақонаи давраи омӯзишӣ ба мо сертификат доданд. Ҳоло бошад, дар хона фармоиш қабул мекунам. Барои тӯйу маъракаҳо тибқи талабот ширинӣ ва кулчақандҳо омода менамоям , - идома дод хонум Фазиламоҳ.

Ин бонуи ҳунар мегӯяд, ки ҳангоми омӯзиш тарзи омода намудани якчанд намуди маҳсулоти қаннодӣ, хуриш ва таъомҳои миллиро барои худ қайд намуда, имрӯз аз он самаранок истифода бурда истодааст. Ба иддаои ӯ бо бунёд гардидани ошхона ва ё тарабхонае дар деҳаашон Фазиламоҳ Азамова ҳатман ҳамчун ошпаз ва қаннод фаъолият хоҳад кард.

Ин зани ҳушманд дар баробари худ ҳамчунин келинашро ҳам ба омӯзиши дӯзандагии МТКМ ҷалб намуда, ӯро соҳибҳунар намудааст. Айни ҳол тасмим дорад, ки ҳамсари писараш Муродгул Шариповаро ба гуруҳи омӯзишии попурӣ низ шомил намояд, то ӯ низ мисли хуштоманаш дар хона шуғли даромаднок дошта бошад. 

 

Соҳибкасбии хонандаи мактаб ба ӯ даромад медиҳад

Мадинаи Ғоибназар, хонандаи синфи 9-уми Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 55-и деҳаи Себистон мебошад. Ӯ дар баробари мактабхон буданаш ба дӯзандагӣ шавқу ғарбати зиёд дошта, аввали ҳамин сол ин ҳунарро дар Маркази таълими калонсолони маҳаллии деҳаашон аз худ намуд. Ӯ ду моҳ дар курси кутоҳмуддати ройгон таҳсил намуда, пас он баҳри беҳтар аз худ намудани нозукиҳои кор як моҳи дигар таҳсилашро дар МТКМ идома дод.

-Занону духтарони деҳа асосан аз бозор матоъ гирифта, барои омода намудани либоси дилхоҳ ба чеварон фароиш медиҳанд. Онҳо қариб, ки аз мағозаву дӯконҳо либоси тайёр намехаранд. Дар мо ниёз ба чеварони моҳир зиёд аст. Ба хусус дар мавсими кор – баҳору тобистон бонувон аз ҳарвақта дида бештар барои худ курта фармоиш медиҳанд. Аз ин лиҳоз хостам дӯзандагиро аз худ намуда, дар хона ба ин кор машғул шавам, - мегӯяд ӯ.

Мадинаи Ғоибназар алакай дар деҳа дӯзандаи соҳибном гаштааст. Ӯ якчанд моҳ аст, ки либосҳои занонаю кӯдакона медӯзад. Ба гуфтаи худаш ягон рӯз вай бе фармоиш нест. Ҳамарӯза ба Мадина занон муроҷиат мекунанд. Ҳамчунин вай ба чанд нафар аз ҳамсолони худ низ чевариро меомӯзонад.

- Ҳар рӯз як либос медӯзам. Ҳоло куртаи занонаро бар ивази 30-40 сомонӣ омода мекунам. Даромадамро барои эҳтиёҷоти худ сарф менамоям. Имсол сару либоси мактабӣ, ҷуздон ва китобу ҷиҳози таълимро аз пули заҳматам харидорӣ намудам. Аз ин муваффақияти кучаки худ хеле хушҳолам ва талош мекунам, ки нозукиҳои ҳунарамро боз ҳам аз худ намуда, чевари моҳир бошам, - иброз дошт Мадина.

Падари ин ҳунарманди ҷавон дар муҳоҷират асту модараш хонашин. Ӯ орзу дорад, ки бо пеш бурдани касбаш дар оянда коргоҳи дӯзандагии худро ифтитоҳ намуда, фаъолияташро васеъ намояд.  

Тазаккур бояд дод, ки Маркази таълими калонсолони маҳаллӣ дар ҷамоати деҳоти Себистон дар заминаи намояндагии Муассисаи давлатии “Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон” дар ноҳияи Данғара моҳи майи соли 2022 бо ташаббуси ТҶ “Маркази фарҳангӣ-омӯзишии “Томирис  таъсис ёфтааст. Марказ бо дастгирии намояндагии DVV International дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сарпарастии Вазорати федеролии Олмон оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва рушд (BMZ) фаъолият бурда истодааст.

Амонҷон Маҳкамов

 

 

Cookie-Settings
YOU ARE LEAVING DVV INTERNATIONAL
Important notice: If you click on this link, you will leave the websites of DVV International. DVV International is not responsible for the content of third party websites that can be accessed through links. DVV International has no influence as to which personal data of yours is accessed and/or processed on those sites. For more information, please review the privacy policy of the external website provider.