Мизи муддавар оиди натиҷаи кори яксолаи лоиҳаи “Ҳимояи ҳуқуқҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии маҳкумшудагон ва собиқ маҳкумшудагон дар Тоҷикистон”

21-уми декабри соли 2023 дар дафтари кории Намояндагии Институти ҳамкории байналмилалии Ассотсиатсияи донишгоҳҳои халқии Олмон (DVV International) дар Тоҷикистон аз татбиқи лоиҳаи “Ҳимояи ҳуқуқҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии маҳкумшудагон ва собиқ маҳкумшудагон дар Тоҷикистон” натиҷагирӣ карда шуд. Дар он ҳамоҳангсозони лоиҳа, намояндагони вазорату кумитаҳои давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва созмонҳои байналхалқӣ иштирок карданд.

21-уми декабри соли 2023 дар дафтари кории Намояндагии Институти ҳамкории байналмилалии Ассотсиатсияи донишгоҳҳои халқии Олмон (DVV International) дар Тоҷикистон аз татбиқи лоиҳаи “Ҳимояи ҳуқуқҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии маҳкумшудагон ва собиқ маҳкумшудагон дар Тоҷикистон” натиҷагирӣ карда шуд. Дар он ҳамоҳангсозони лоиҳа, намояндагони вазорату кумитаҳои давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва созмонҳои байналхалқӣ иштирок карданд.

Зарина Холиқова, директори Намояндагии DVV International дар Тоҷикистон,  аз натиҷаҳои ҳадафҳои амалишудаи лоиҳа дар соли 2023 маърӯза карда, оиди ҳамкорони рушд ва натиҷаҳои назарраси кори онҳо гуфт: “Муассисаи ислоҳии ноҳияи Ёвон сехи дӯзандагӣ бо ҷевонҳо таъмин гардида, синфҳои таълимӣ бо мизу курсӣ ҷиҳозонида шуданд. Инчунин устохонаи ин муассисаи ислоҳиро худи маҳкумшудагон таъмир карданд, ки масолеҳи сохтмониро дар доираи лоиҳа ба онҳо дастрас гардонидем. Ҳамзамон давраҳои омӯзишӣ доир гардида, 11 нафар иштирокчиён аз шаҳрҳои Душанбе, Бохтар, Хуҷанд, Хоруғ ва ноҳияи Кушониён барои оғози тиҷорати худ соҳиби грант шуданд.  Дар ин баробар, 12 нафар дар доираи лоиҳа ба шаҳри Берлини Олмон сафар карданд, то бо системаи ислоҳии ин кишвар ошно гардида, барои амалӣ кардани ғояҳои нав дар Тоҷикистон саҳм гузоранд”.

Сипас, Шаҳло Абдунабизода, роҳбари ташкилоти ҷамъиятии “Ҷаҳон” дар бораи раванди омодагии маҳкумшудагонро барои баромадан ба озодӣ чунин таъкид кард: “Усули нави касбомӯзиро дар муассисаҳои ислоҳӣ таҳлил намуда, бо маҳкумшудагон ва собиқ маҳкумшудагон тренингҳои омӯзишӣ гузаронда,  онҳоро хамчун устои дарси касбӣ тайер кардем. Натиҷаи фаъолият дар давоми чанд сол муайян кард, ки касбомӯзӣ, таълим ва машваратҳои равонию иҷтимоӣ барои маҳкумшудагон ин яке ҷанбаҳои муҳими омодакунии маҳкумшуда барои баромадан ба озодӣ аст. Инчунин, дар ҳамин самт, барои кормандони ин муассисаҳо бояд бештар семинарҳои омӯзишӣ доир гардад. Ҳамкорӣ дар соҳаи тиҷорат тақвият дода шавад, то маҳкумшудагон тавонанд барои кори худ музди арзанда бигиранд. Барои таъмини гузариши осон аз муассисаи ислоҳӣ ба озодӣ, бояд ба ҳамоҳангсозии хизматрасонии берун аз муассисаҳои ислоҳӣ, аз ҷумла муассисаҳои тиббӣ, хадамоти машваратии ҳуқуқӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, хадамоти иҷтимоӣ ва ғайра, диққати махсус дода шавад. Ҳамзамон машғулиятҳои равонӣ бо маҳкумшудагон бо ҷалби мутахассисони беруна зиёдтар ба роҳ монда шавад”.

Дар идома, Наргис Зокирова роҳбари ТҶ “Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният” вобаста ба хизматрасониҳои анҷомдодаи ин ташкилот дар доираи лоиҳа натиҷагирӣ кард. Таъсиси фонд барои барқарор кардани ҳуҷҷатҳои собиқ маҳкумшудагон, аз ҷумла шиноснома ва дигар ҳуҷҷатҳои шахсӣ, расонидани ёрии ҳуқуқӣ ва равонӣ ба онҳо инчунин гузаронидани тренингҳои омӯзишӣ ва бо таҷҳизоти лозима таъмин кардани ғолибони грантҳо аз дастовардҳои ин ташкилот арзёбӣ карда шуд.

Барои фаъолияти минбаъдаи лоиҳаи нақшаи амал барои солҳои 2024-2026 тартиб дода шуд, ки як қатор чорабиниҳои муҳимро дар бар мегирад. Дар анҷоми вохӯрии корӣ, миёни иштирокчиёну баромадкунандагон саволу ҷавоб оиди кори лоиҳа сурат гирифта, ба барномаҳо ва нақшаҳои солҳои оянда таклифу пешниҳодҳо ироа карда шуд. Қайд гардид, ки дар кишвар дар самти касбомӯзии маҳкумшудагон дар муассисаҳои ислоҳӣ, ҳифзи ҳуқуқи онҳо ва баргардонидани онҳо ба зиндагии муқаррарӣ, бояд ҳамаи сохторҳо ҳамкории зич дошта бошанд.

Мавриди зикр аст, ки Намояндагии DVV International дар Тоҷикистон шуруъ аз соли 2014 инҷониб дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд ва сохторҳои давлатӣ, аз ҷумла Саридораи иҷрои ҷазои ҷиноии Вазорати адлияи ҶТ, ташкилотҳои ҷамъиятии “Ҷаҳон” ва “Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният” дар самти ҳимояи ҳуқуқҳои маҳкумшудагон ва собиқ маҳкумшудагон фаъолият мекунад. Лоиҳаи мазкур аз тарафи Иттиҳоди Аврупо ва Вазорати федералии ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушди Олмон маблағгузорӣ мегардад.

 

 

 

 

 

Cookie-Settings
YOU ARE LEAVING DVV INTERNATIONAL
Important notice: If you click on this link, you will leave the websites of DVV International. DVV International is not responsible for the content of third party websites that can be accessed through links. DVV International has no influence as to which personal data of yours is accessed and/or processed on those sites. For more information, please review the privacy policy of the external website provider.