Маҳкумшудагон малакаҳои коркарди лоиҳавии худро инкишоф медиҳанд

Аз санаи 30 июни соли 2021 курси омӯзишӣ оид ба коркарди лоиҳа барои 80 нафар занону мардони маҳкумшуда дар ду муассисаи ислоҳӣ: ш.Норак ва н.Ёвон ташкил карда мешавад.

Аз санаи 30 июни соли 2021 курси омӯзишӣ оид ба коркарди лоиҳа барои 80 нафар занону мардони маҳкумшуда дар ду муассисаи ислоҳӣ: ш.Норак ва н.Ёвон ташкил карда мешавад.

Ҳангоми омӯзиш маҳкумшудагон малакаҳои навиштани лоиҳаро азхуд мекунанд. Иштирокчиёни тренинг бо тарҳезии ҷузъҳои гуногуни лоиҳа, аз ҷумла ҷамъоварии маълумоти ибтидоӣ, таҳлили вазъият дар асоси таҳлили SWOT, сохтори нақшаи корӣ, буҷа ва воситаҳои асосии мониторинг шинос мешаванд. Ин донишҳо ва малакаҳо ба маҳкумшудагон имкон медиҳанд, ки ба ташкилотҳои маҳаллии грантдиҳанда ва ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ барои маблағгузории ташаббусҳои худ муроҷиат кунанд.

Омӯзгорон барномаҳои таълимии худро бо назардошти режими муассисахои ислоҳӣ мутобиқ мекунанд. Ҳангоми омӯзиш тамоми чораҳои пешгирӣ аз хавфи сироятии КОВИД-19 (ниқобҳо, антисептикҳо ва масофаи иҷтимоӣ) риоя карда мешавад.

Тренингҳоро ташкилоти ҷамъиятии «Ҷаҳон» дар ҳамкорӣ бо Институти ҳамкории байналмилалии Ассотсиатсияи донишгоҳҳои халқии Олмон (DVV International) дар доираи лоиҳаи “Беҳтар намудани дастрасӣ ба ҳуқуқҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии маҳкумшудагон ва собиқ маҳкумшудагон дар Тоҷикистон”, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо ва Вазорати федералии Олмон оид ба рушд ва ҳамкориҳои иқтисодӣ маблағгузорӣ мешавад, ташкил менамояд. Лоиҳа аз ҷониби намояндагии DVV International дар Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои ҷамъиятии маҳаллӣ: "Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният" ва "Ҷаҳон" амалӣ карда мешавад.

 

Барои дарёфти иттилои муфассал, лутфан муроҷиат намоед ба:

Зарина Холиқова, директори Намояндагии DVV International дар Тоҷикистон тавассути почтаи электронии khalikova@dvv-international.tj

Шахло Абдунабизода, директори ТЧ «Джахон»,тавассути почтаи электронии ngo.jahon@gmail.com

Cookie-Settings
YOU ARE LEAVING DVV INTERNATIONAL
Important notice: If you click on this link, you will leave the websites of DVV International. DVV International is not responsible for the content of third party websites that can be accessed through links. DVV International has no influence as to which personal data of yours is accessed and/or processed on those sites. For more information, please review the privacy policy of the external website provider.