Лоиҳаи ИА «Беҳтар намудани дастрасӣ ба ҳуқуқҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии маҳкумшудагон ва cобиқ маҳкумшудагон дар Тоҷикистон»: Натиҷахо ва перспективах

Душанбе, 19 марти соли 2022 – Баъди озод шудан аз муассисаҳои ислоҳӣ собиқ маҳкумшудагон эҳсосоти гуногун доранд. Аз як тараф, онҳо озодӣ ва ҳаракати худро барқарор мекунанд, аз ҷониби дигар ба монеаҳои барқарорсозии ҳаёти шахсии худ, ҷустуҷӯи кор дучор мешаванд ва аксар вақт ба кӯмак ва дастгирӣ дар реинтегратсияи иҷтимоӣ ниёз доранд. Лоиҳаи аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ шаванда “Беҳтар намудани дастрасӣ ба ҳуқуқҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии маҳкумшудагон ва cобиқ маҳкумшудагон дар Тоҷикистон” таваччухи худро ба дастгирии маҳкумшудагон  ва собиқ маҳкумшудагон дар рафъи ин монеаҳо ва саҳмгузорӣ дар ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсонӣ бо амалй гардондани хуқуқхои ичтимой, иқтисодй ва мадании онҳо равона карда щудаст.

Дар давоми ду соли татбиқи лоиҳа чорабиниҳои омӯзишӣ ташкил карда шуданд, ки дар он зиёда аз 600 нафар маҳкумшудагони муассисаҳои ислоҳии шаҳри Норак ва нохияи Ёвон фаро гирифта шудаанд. Боз 1100 нафар собиқ маҳкумшудагон , ки пас аз озод шуданашон дар барқарорсозии ҳаёти иҷтимоӣ ва иқтисодии худ бо душворӣ рӯбарӯ буданд, кӯмак расонида шуд. Лоиҳа дар 10 шаҳру маркази ноҳияҳои Тоҷикистон, аз ҷумла Душанбе, Хоруғ, Хуҷанд, Бохтар, Ваҳдат, Б.Ғафуров, Восеъ, Панҷакент, Деваштич ва Ҷайҳун фаъол буд. Ҳамагӣ 300 маҳкумшудагон (аз ҷумла 150 нафар занон) пеш аз озод шуданашон машваратҳои реинтегратсияи иҷтимоӣ гирифтанд. Созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ(СҶШ) дар ҳамкорӣ бо Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Тоҷикистон дар таҳияи «Барномаи реинтегратсияи иҷтимоии собиқ маҳкумшудагон» фаъолона иштирок намуданд. Лоиҳа инчунин дар баланд бардоштани иқтидори шарикони СҶШ, ки дар татбиқи лоиҳа иштирок доштанд, саҳм гузоштааст.

Чорабинии ниҳоии лоиҳа дастовардҳо, дарсҳои омӯхташуда ва тавсияҳо барои муколамаи минбаъдаи сиёсӣ оид ба пешбурди ҳуқуқи инсони ин гурӯҳи осебпазирро баррасӣ хоҳад кард. Намояндагони сохторҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ, созмонҳои байналмилалие, ки ба ислоҳоти бахши ислоҳотӣ машғуланд ва васоити ахбори омма корҳои анҷомдодашударо бо маҳкумшудагон ва собиқ маҳкумшудагон баррасӣ хоҳанд кард. Хамкории муштараки сохторҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ дар доираи лоиҳа инчунин ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии маҳкумшудагон ва ҳуқуқи инсони собиқ маҳкумшудагон тавассути чорабиниҳои оммавӣ, барномаҳои маърифати шаҳрвандӣ ва машваратҳо, тарғиби фазои мусбӣ дар байни маҳкумшудагон, муносибат ва рафтори мусбӣ аз ҷониби кормандони маҳбас муваффақ буд.

Лоиҳаи “Беҳтар намудани дастрасӣ ба ҳуқуқҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии маҳкумшудагон ва cобиқ маҳкумшудагон дар Тоҷикистон” аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо (75%) ва Вазорати федеролии ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушди Олмон (25%) маблағгузорӣ мешавад. Он аз ҷониби DVV International дар якҷоягӣ бо ташкилотҳои ҷамиятии “Идораи ҳуқуқи инсон ва волоияти қонун” ва “Ҷаҳон” амалӣ карда шуд. Лоиҳа ба рушд ва таҳкими демократия, волоияти қонун ва озодиҳои асосӣ дар Тоҷикистон тавассути васеъ намудани дастрасӣ ва дастрасии хизматрасониҳои таълимӣ барои маҳкумшудагон ва собиқ маҳкумшудагон ҳарду ҷинс мусоидат намуд.

Барои тафсилоти бештар, лутфан бо Зарина Холикова, Директори DVV International дар Точикистон khalikova@dvv-international.tj дар тамос шавед.

Cookie-Settings
YOU ARE LEAVING DVV INTERNATIONAL
Important notice: If you click on this link, you will leave the websites of DVV International. DVV International is not responsible for the content of third party websites that can be accessed through links. DVV International has no influence as to which personal data of yours is accessed and/or processed on those sites. For more information, please review the privacy policy of the external website provider.