Курсҳо барои тайёр кардани устодони касбӣ-техникӣ аз миёни маҳкумшудагон

Тоҷикистон

Курсҳо барои тайёр кардани устодони касбӣ-техникӣ аз миёни маҳкумшудагон

Дар доираи лоиҳаи “Ҳимояи ҳуқуқҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии маҳкумшудагон ва собиқ маҳкумшудагон дар Тоҷикистон” аз моҳи апрел то майи соли равон барои тайёр кардани устодони таълими касбӣ-техникӣ миёни занону мардони маҳкумшуда машғулиятҳо гузаронда мешавад.

 

Тоҷикистон

Курсҳо барои тайёр кардани устодони касбӣ-техникӣ аз миёни маҳкумшудагон

Дар доираи лоиҳаи “Ҳимояи ҳуқуқҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии маҳкумшудагон ва собиқ маҳкумшудагон дар Тоҷикистон” аз моҳи апрел то майи соли равон барои тайёр кардани устодони таълими касбӣ-техникӣ миёни занону мардони маҳкумшуда машғулиятҳо гузаронда мешавад.

Дар натиҷаи машғулиятҳои мазкур 20 нафар мутахассиси таълимгар, аз ҷумла 10 нафар зан, аз рӯи ихтисоси сартарош, дузанда, дуредгар ва кафшергари барқӣ омода карда мешавад. Дар сессияҳои таълимӣ оиди тартиб додани нақша ва тақсимоти соатҳои дарсӣ, тартиб додани ҷадвали дарсӣ аз рӯи барномаҳои таълимӣ, тарзи дурусти қайди мавзуҳо дар журнали дарсӣ, ва умуман идораи раванди таълим, шинос карда мешаванд. Ҳамчунин, барои ҷолиб гузаштани ҷараёни омӯзиш ба устодони оянда, дар муддати тренингҳои серӯза, оиди усулҳои интерактивии таълимӣ барои аудиторияи калонсолон маълумот дода мешавад.

Мақсади барномаҳои таълимии мазкур аз он иборат аст, ки минбаъд аз иқтидори маҳкумшудагон барои омӯзонидани дигар маҳбусон ба касбҳои нав дар ду муассисаи ислоҳии кишвар, истифода бурда шавад. Ин аст, ки оғоз аз моҳи июн дар муассисаҳои ислоҳии 3\6 ва 3\8 бо истифода аз иқтидори устодони таҳсилкардаи таҳсилоти касбӣ аз ҷумлаи маҳкумшудагон гузаронидани курсҳои касбӣ ба нақша гирифта шудааст. Намояндагони Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон (МТКТ) дар раванди таҳсилоти касбӣ устодонро дастгирӣ ва роҳнамоӣ намуда, баъди хатми курсҳо ва супоридани имтиҳонот ба таълимгирандагон шаҳодатномаи курс дода мешавад.

Лозим ба ёдоварист, ки лоиҳаи “Ҳимояи ҳуқуқҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии маҳкумшудагон ва собиқ маҳкумшудагон дар Тоҷикистон” аз моҳи январи соли 2023 то моҳи декабри соли 2024 дар самти ҳимояи ҳуқуқҳои маҳкумшудагон ва собиқ маҳкумшудагон дар якҷоягӣ бо Саридораи иҷрои ҷазои ҷиноӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятии кишвар кор мекунад. Омӯзиши мазкур бо маблағгузории Иттиҳоди Аврупо аз ҷониби шарики лоиҳа ташкилоти ҷамъиятии «Ҷаҳон» дар ҳамкории зич бо муассисаи давлатии МТКТ, ки омӯзгорони курсҳои касбиро таъмин менамояд, гузаронида мешавад.

Барои дарёфти маълумоти бештар ба: Зарина Холиқова, директори Намояндагии DVV International дар Тоҷикистон тариқи почтаи электронии khalikova@dvv-international.tj  ё Шаҳло Абдунабизода, директори ТҶ “Ҷаҳон” тариқи почтаи электронии ngo.jahon@gmail.com муроҷиат кунед.

Cookie-Settings
YOU ARE LEAVING DVV INTERNATIONAL
Important notice: If you click on this link, you will leave the websites of DVV International. DVV International is not responsible for the content of third party websites that can be accessed through links. DVV International has no influence as to which personal data of yours is accessed and/or processed on those sites. For more information, please review the privacy policy of the external website provider.