БА ИТМОМ РАСИДАНИ КУРСИ КАСБӢ ОИД БА “ДӮЗАНДАГЙ” ДАР МУАССИСАИ ИСЛОҲИИ 3\6, ноҳияи ЁВОН

Рӯзи 09 августи соли 2021 дар муассисаи ислоҳии(МИ) 3\6, воқеъ дар ноҳияи Ёвон, барои 20 марди маҳкумшудагоне, ки дар курси касбии «Дузандагй» таълим гирифтаанд имтиҳон ташкил карда шуд.

Аз моҳи июни соли 2021 дар муассисаи ислоҳӣ 3\6 раванди омӯзиши касбии ду гурӯҳи мардони маҳкумшуда оид ба “Дӯзандагӣ”оғоз гардид.

 

Рӯзи 09 августи соли 2021 дар муассисаи ислоҳии(МИ) 3\6, воқеъ дар ноҳияи Ёвон, барои 20 марди маҳкумшудагоне, ки дар курси касбии «Дузандагй» таълим гирифтаанд имтиҳон ташкил карда шуд.

Аз моҳи июни соли 2021 дар муассисаи ислоҳӣ 3\6 раванди омӯзиши касбии ду гурӯҳи мардони маҳкумшуда оид ба “Дӯзандагӣ”оғоз гардид. Муаллимони ин касб, барномаҳои таълимии худро бо назардошти режими МИ барои ташкили омӯзиш мутобиқ карданд. Ҳангоми курси касбомӯзӣ тамоми чораҳои пешгирии ковид-19 (ниқобҳо, антисептикҳо ва масофа) риоя карда шуданд.

Ду курси касбомӯзии дӯзандагй (ҳар кадоме 10 нафар шунавандагон иборат мебошад) дар сехи дӯзандагии нав таъмиршуда воқеъ дар МИ 3\6 ташкил карда шуданд. Барои омӯзиш дар ин курсҳои касбомӯзӣ маҳкумшудагоне интихоб карда шуданд, ки майли ин касбро доранд ва хоҳиши рушди малакаи дӯзандагӣ доранд. Бояд қайд кард, ки касби дӯзандагй ҳам дар дохили муассисаи ислоҳӣ ва ҳам берун аз он маъмул аст ва малакаҳои ба даст овардашуда ба маҳкумшудагон имкон медиҳанд, ки баъди озод шудан соҳиби кор шаванд.

Дар байни шунавандагони ин курс мардоне буданд, ки аллакай маълумоти дизайнери лобосҳоро доштанд ва дар рафти курсҳои касбӣ омезиши таҷрибаи мавҷуда ва дониши нав дар маҷмӯъ барои ду гурӯҳ натиҷаи хуб дод. Тавре ки яке аз касбомӯзон, ки дорои маълумоти дизайнер -технолог аст, қайд кард: “Дар давоми ин курсҳо ман ба муҳити дӯстдоштаи худ - ороиши мӯд, тарроҳӣ ва дӯзандагӣ дохил шудам! Аммо ба ман хусусан дигар чиз писанд омад, ки ман таваҷҷӯҳи дигар иштирокчиёнро ба ин раванди эҷодӣ дидам...”. Иштирокчии дигаре қайд кард, ки "ман мутмаинам, ки пас аз озод шуданам кори дӯзандагӣ хоҳам ёфт ва бо дӯзандагии либосҳо машғул хоҳам шуд, қаблан ба ман ин касб писанд омада буд, аммо ҳоло як иловаи ҷиддӣ дорам - ин ҳам бошад шаҳодатномаи давлатӣ аст, ки касби маро тасдиқ мекунад”.

Раванди имтиҳон дониши андӯхта, қобилияти эҷодкорӣ дар тарроҳии либос, қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми кор бо таҷҳизоти дӯзандагиро нишон дод.

20 нафар мард маҳкумшуда шаҳодатномаҳои давлатӣ гирифтанд, ки он дар ҳамаи кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил эътирофи худро дорад.

Курсҳои касбӣ аз ҷониби шарики лоиҳа, Ташкилоти Ҷамъиятии (ТҶ) "Ҷаҳон" дар ҳамкории зич бо филиали Муассисаи давлатии "Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон" -и ноҳияи Ёвон, ки омӯзгорони курсҳои касбиро таъмин менамояд, ташкил карда шудааст.

Чорабинии мазкур дар доираи лоиҳаи "Беҳтар намудани дастрасӣ ба ҳуқуқҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии маҳкумшудагон ва собиқ маҳкумшудагон дар Тоҷикистон" ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо ва Вазорати федералии Олмон оид ба рушд ва ҳамкориҳои иқтисодӣ маблағгузорӣ карда мешавад, гузаронида шуд. Лоиҳа аз ҷониби Институти ҳамкории байналмилалии Ассотсиатсияи донишгоҳҳои халқии Олмон (DVV International) дар якҷоягӣ бо ду шарики маҳаллӣ – ТҶ «Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният» ва ТҶ «Ҷаҳон» татбиқ мегардад.

 

Барои дарёфти иттилои муфассал, лутфан муроҷиат намоед ба:

Зарина Холиқова, директори Намояндагии DVV International дар Тоҷикистон тавассути почтаи электронии khalikova@dvv-international.tj

Шахло Абдунабизода, директори ТҶ «Ҷаҳон» ngo.jahon@gmail.com

Cookie-Settings
YOU ARE LEAVING DVV INTERNATIONAL
Important notice: If you click on this link, you will leave the websites of DVV International. DVV International is not responsible for the content of third party websites that can be accessed through links. DVV International has no influence as to which personal data of yours is accessed and/or processed on those sites. For more information, please review the privacy policy of the external website provider.