Ҳамгироии собиқ маҳбусон ба ҷомеа

Санаи 12-14 октябри соли ҷорӣ дар бинои Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ барои кормандони муассисаҳои ислоҳӣ бо мақсади омӯзиш ва татбиқи усулҳои асосии омодасозӣ ба озодӣ барои нафароне, ки адои ҷазо кардаанд, омӯзиш баргузор гардид.

Ҳамгироии собиқ маҳбусон ба ҷомеа

Санаи 12-14 октябри соли ҷорӣ дар бинои Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ барои кормандони муассисаҳои ислоҳӣ бо мақсади омӯзиш ва татбиқи усулҳои асосии омодасозӣ ба озодӣ барои нафароне, ки адои ҷазо кардаанд, омӯзиш баргузор гардид.

Иштирокчиёни омӯзиш оиди равишҳои байналмилалӣ ва таҷрибаҳои пешқадам барои иҷтимоикунонии шахсоне, ки барои озод шудан аз муассисаҳои ислоҳӣ омодаанд, нақши равоншиносон дар марҳилаи омодасозии маҳкумшудагон ба озодӣ, тартиб додани барномаҳои инфиродӣ ҷиҳати расонидани кумаки иҷтимоӣ-ҳуқуқӣ ба собиқ маҳбусон донишу маълумоти зарурӣ гирифтанд.  

Дмитрий Нурумов, номзади илмҳои ҳуқуқ, коршиноси байналмилалӣ ба ҳайси тренер баромад карда, қайд намуд, ки аксари адабиёти мавҷуда оид ба муассисаҳои ислоҳӣ ба шароити нигоҳдорӣ, муносибатҳои байни кормандон ва маҳбусон, амният ва дигар паҳлуҳои зиндагӣ дар муассисаҳои ислоҳӣ тамаркуз мекунанд. Аммо бояд дар хотир дошт, ки аксарияти маҳкумшудагон дар ниҳоят ба ҷомеа бармегарданд ва аз ин рӯ, ба тавонбахшӣ ва омодасозии онҳо ба зиндагии муқаррарӣ дар озодӣ таваҷҷуҳ зоҳир кардан лозим аст.   

Салима Баянова, корманди Муассисаи тарбиявии ноболиғони рақами 3/12 дар шаҳри Душанбе ва яке аз иштирокчиёни омӯзиши мазкур бар он аст, ки дар пешорӯи нафароне, ки бо маҳбусон кор мекунанд, ду ҳадаф меистад - яке кам кардани хатари дубора содир кардани ҷиноят аз ҷониби маҳкумшуда ва дуюм мутобиқшавии собиқ маҳбусон ба ҷомеа.  

“Аслан, муассисаҳои ислоҳӣ метавонанд дар мутобиқшаваии дубораи собиқ маҳбусон ба ҷомеа мусоидат кунанд. Ин раванд бояд давомдор бошад ва аз лаҳзаи воридшавӣ ба муассисаи ислоҳӣ ва кор бо маҳбусон дар тамоми давраи будубоши онҳо дар муассисаи ислоҳиро дар бар гирад. Ва дар ин омӯзиш ман бештар оиди раванди мазкур дар мисоли таҷрибаи давлатҳои дигар омӯхтам”, - иброз намуд Салима Баянова.  

Муродбек Қодиров, сардори шуъбаи махсуси муассисаи ислоҳии №3/5 дар вилояти Суғд ва иштирокчии дигар гуфт, ки “дар муддати ин се рӯзи омӯзиш дар бораи чӣ тавр ба озодшавӣ омода кардани маҳкумшудагон аз таҷрибаи дигар давлатҳо омӯхта, ният дорем дар оянда аз ин таҷрибаҳо истифода намоем”.  

Дар раванди омӯзиш дар баробари иттилои назариявӣ, иштирокчиён дар ҷараёни корҳои гурӯҳӣ ҷанбаъҳои мусбӣ ва манфии модели мавҷуда оид ба омодасозии маҳкумшудагон ба озодиро мавриди баррасӣ қарор дода, дар фарҷоми омӯзиш таклифу пешниҳодоти худро роҷеъ ба такмили санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии марбут ба масъалаҳои иҷтимоикунонӣ ва омодасозӣ ба озодшавӣ аз муассисаҳои ислоҳӣ ироа карданд. Аз ҷумла қайд карда шуд, ки барои мутобиқсозии собиқ маҳбусон ба ҷомеа барои онҳо бояд курсҳои махсуси касбомӯзӣ (ҳам дар шакли маҷозӣ ва ҳам ҳузурӣ) бештар муҳайё карда, барои таъмини онҳо бо ҷойи кор бояд соҳибкоронро ҷалб намуда, инчунин барои таъсиси коргоҳҳои истеҳсолӣ ба маҳбусон ва собиқ маҳбусон грантҳо дода шаванд.

Қобили зикр аст, ки ин омӯзишҳо дар доираи лоиҳаи «Ҳимояи ҳуқуқҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии маҳкумшудагон ва собиқ маҳкумшудагон дар Тоҷикистон», ки аз тарафи Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ гардида, тавассути DVV International дар Тоҷикистон дар шарикӣ бо ташкилотҳои ҷамъиятии «Ҷаҳон» ва «Идораи ҳуқуқи инсон ва волоияти қонуният» татбиқ мегардад, гузаронда мешаванд. Дар чорчӯбаи лоиҳаи мазкур як қатор чорабиниҳои омӯзишӣ ба нақша гирифта шудаанд, ки барои татбиқи Барномаи давлатии реинтегратсияи иҷтимоии собиқ маҳкумшудагон, баланд бардоштани иқтидори шарикон дар самти рушди касбӣ ва хизматрасонии равонию иҷтимоӣ барои кормандони муассисаҳои ислоҳӣ, маҳкумшудагон ва собиқ махкумшудагон равона гардидаанд. Инчунин як қатор курсҳои касбомӯзӣ барои маҳкумшудагон ва собиқ маҳкумшудагон, хизматрасониҳои машваратӣ оид ба масоили иҷтимоӣ ва дастгирии молиявӣ барои кушодани корхонаҳои хурд барои собиқ маҳкумшудагон дар назар аст.

Cookie-Settings
YOU ARE LEAVING DVV INTERNATIONAL
Important notice: If you click on this link, you will leave the websites of DVV International. DVV International is not responsible for the content of third party websites that can be accessed through links. DVV International has no influence as to which personal data of yours is accessed and/or processed on those sites. For more information, please review the privacy policy of the external website provider.