Рўзи маърифату фарҳанг дар муассисаи ислоҳии занонаи Тоҷикистон

ш. Норак, 22 октябри с. 2015

Ҳуқуқ ба таҳсил ҳуқуқи конститутсионии ҳар як инсон ба шумор меравад. Нисбат ба маҳкумшудагон тартиби амалишавии ин ҳуқуқ хусусиятҳои худро дорост. Ҳуқуқ ба таҳсил бо баъзе маҳдудиятҳои аз ҷониби қонунгузории иҷрои ҷазои ҷиноятӣ муайяншуда, бояд ҳамчун имконияти истифодаи  манфиатҳои соҳаи маориф аз тарафи ҳар як маҳкумшуда  дида шавад. Гирифтани маълумоти умумӣ ва тайёрии касбӣ на танҳо яке аз усулҳои асосии ислоҳи маҳкумшудагон ба ҳисоб меравад, балки имкони васеъ намудани мутобиқшавиашон ба ҳаёти иҷтимоӣ баъди озодшавӣ аст. Зеро онҳо бояд донишу малакаи муайяне дошта бошанд, ки тавонанд дар ҷомеа ҳаёти мукаммал баранд.

Мақсади асосии Рўзи маърифату фарҳанг дар Муассисаи ислоҳии занонаи ш. Норак шиносоии доираи васеи ҷомеа бо натиҷаҳои фаъолият оид ба ҳамкории сохторҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва саҳмгузорони байналмилалӣ дар ҷараёни омодасозии занон ба озодӣ иборат буд. Омодасозӣ тариқи баландбардории сатҳи муаллимон ва устодони омўзиши касбӣ, рушди заминаи молӣ-техникӣ барои таълимоти касбӣ дар муассисаи ислоҳии занона ва ташкили омўзиши касбии занони маҳкумшуда ба ихтисосҳое, ки бозори меҳнат ба онҳо эҳтиёҷ дорад, ба роҳ монда шуда буд.

Шарикони маҳаллӣ, маъмурияти муассисаи ислоҳии занона ва иштироккунандагони аз ҳама фаъоли лоиҳа «Рўзи маърифату фарҳанг»-ро ташкил карданд. Мақсад аз он намоиш додани дастовардҳои лоиҳа, муваффақиятҳои занони маҳкумгашта дар самти дигар шудани муносибат, аз худ кардани донишу малака ва баланд гардидани худбаҳодиҳии занон баъди анҷоми барномаҳои таълимӣ буд.

Дар доираи ин ҷамъомад озмунҳои гуногун, аз ҷумла озмуни плакатҳо зери шиори «Таҳсилот дар ҳаёти ман», нишон додани малакаи хатмкунандагони курсҳои касбӣ тариқи  намоиши намунаи либосҳо ва ороиши мўйсар гузаронида шуданд. Ба иштирокчиёни фаъоли лоиҳа шаҳодатномаҳо  супурда шуда, экскурсия барои тамошои синфхонаҳои таъмирёфтаву таҷҳизонидашуда ва нуқтаҳои истеҳсолии барқароршуда ташкил карда шуд.

Дар ҷамъомад ба ҳайси меҳмонон намояндагони сохторҳои давлатӣ, ташкилотҳои байналмилалию ҷамъиятӣ ширкат варзиданд.

Чорабинии мазкур дар доираи лоиҳаи «Ҳуқуқҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангии маҳкумшудагон ва собиқ маҳкумшудагон дар Тоҷикистон» гузаронда шудааст, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо ва Вазорати федеролии ҳамкории иқтисодӣ ва рушди Олмон маблағгузорӣ шуда, аз тарафи Намояндагии Институти ҳамкории байналмилалии Ассотсиатсияи донишгоҳҳои мардумии Олмон (DVV International) дар Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ТҶ “Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният” ва ТҶ «Ҷаҳон» амалӣ мегардад.

Тоҷикистон

Хуш омадед ба DVV International дар Осиёи Марказӣ!


Муфассалтар