Зарфияти инсонӣ, техникӣ ва моддии Маркази таълими калонсолони ВМКБ оид ба беҳтар кардани дастрасии ҷавонон ба курсҳои касбомӯзӣ тақвият

Моҳи марти соли 2015, бо дастгирии Иттиҳоди Аврупо Намояндагии институти ҳамкории байналмилалии Ассотсиатсияи донишгоҳҳои мардумии Олмон (DVV International) як лоиҳаи нави 3-соларо бо номи «Тавсеаи ваколатҳои ҷавонон оид ба рушди устувор ва тағйирот” оғоз намуд, ки он дар доираи барномаи “Ширкат дар сулҳофаринӣ”-и Иттиҳоди Аврупо амалӣ карда мешавад. Лоиҳаи мазкур аз тарафи Иттиҳоди Аврупо (80%) ва Вазорати федералии Олмон оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушд (20%), маблағгузорӣ мешавад. Фаъолияти лоиҳа 7 ноҳияҳои ВМКБ ва маркази он- шаҳри Хоруғро дар бар мегирад.

Яке аз вазифаҳои Лоиҳа тақвияти зарфияти ташкилии Маркази вилояти таълими калонсолони Бадахшон оид ба таълими касбии ҷавонон дар ҳамаи 7 шаҳру ноҳияҳо мебошад. Барои ноил шудан ба ин, лоиҳа дар илова ба такмили ҳамаҷонибаи зарфияти инсонии Марказ, тавассути тадриси ҳайати шахсии он оид ба: а) “Муайян намудани эҳтиёҷот ба омӯзиш касбӣ дар бозори маҳаллии меҳнат”; б) «Рушди захираҳои инсонӣ»; в) «Банақшагирии стратегӣ»; г) “Курсҳои таълимӣ оид ба 4 касб” ва д) Таъсиси гурӯҳи 16 нафараи мураббиён оид ба 4 адад курсҳои сайёри касбӣ, мақсад гузоштааст, ки

Зарфият ва базаи моддию техникии МТК-ро тақвият бахшад.

Ин иқдом тавассути ҳадя кардани 2 адад автомашина, тамоми асбобу олоти кории марбут ба 4 касб ва инчунин дастурҳои таълимиву методӣ оид ба онҳо ба хотири ба роҳ мондани барномаи курсҳои касбомӯзии сайёр дар ҳамаи ноҳияҳо амалӣ карда мешавад. Илова бар ин, Лоиҳа тамоми хароҷотҳои нигаҳдорӣ ва кори воситаҳои нақлиётро дар тули фаъолияти худ ба ӯҳда мегирад.

Ба роҳ мондани барномаи сайёри курсҳои касбӣ, дастрасии ҷавонони минтақаҳои дурдастро ба таҳсилоти касбӣ беҳтар мекунад. Барнома тадриси 560 нафар ҷавононро аз 7 ноҳияи вилоят оид ба 4 касби тариқи тадқиқот ҳамчун зарурӣ муқарраргардида ба нақша гирифтааст. Ҷавонони ин барномаро хатмкарда метавоннд ҳамчунин аз 2 бахши дигари ҳамин лоиҳа ҳам манфиат гиранд ва дар онҳо иштирок кунанд: бахши “Дастрасии ҷавонон ба барномаи грантии “Бизнеси худро шурӯъ намо”, ки аз тарафи та ташкилоти ҷамъиятии маҳаллии «Мадина» (шарики Лоиҳа) амалӣ карда мешавад ва ҳамчунин барномаи омӯзиш ва грантии «Маърифати шаҳрвандӣ», ки аз тарафи ташкилоти дигари ҷамъиятии маҳаллии «Қалам» амалӣ карда мешавад.

Рӯзи 12 маи соли 2016 Лоиҳа маросими ба МТК супоридпни ресурсҳои техникӣ ва моддии дар боло зикршударо бо иштироки намояндагони ташкилотҳои маблағгузор ва ҳукумати вилоят ба нақша гирифтааст.

ПРЕСС-РЕЛИЗ >>

Тоҷикистон

Хуш омадед ба DVV International дар Осиёи Марказӣ!


Муфассалтар

Cookie-Settings
YOU ARE LEAVING DVV INTERNATIONAL
Important notice: If you click on this link, you will leave the websites of DVV International. DVV International is not responsible for the content of third party websites that can be accessed through links. DVV International has no influence as to which personal data of yours is accessed and/or processed on those sites. For more information, please review the privacy policy of the external website provider.