Тренинги малакаҳои тоҷирӣ барои шахсони маъюбиятдошта

Аз 27 то 31 майи соли ҷорӣ, дар доираи лоиҳаи «Пешбурди тағйироти иҷтимоӣ ва омӯзиши касбии фарогир», дар дафтари созмони занони маъюб «Иштирок» барои ҷавонони дорои маъюбият тренинг оиди нозукиҳои тиҷорат баргузор гардид.

Аз 27 то 31 майи соли ҷорӣ, дар доираи лоиҳаи «Пешбурди тағйироти иҷтимоӣ ва омӯзиши касбии фарогир», дар дафтари созмони занони маъюб «Иштирок» барои ҷавонони дорои маъюбият тренинг оиди нозукиҳои тиҷорат баргузор гардид. «Тиҷорати худро шурӯъ намо», чунин ном дорад тренинг, ки дар он 20 нафар ашхоси маъюбиятдошта аз синни 15 то 30 сола иштирок доранд.

Тибқи барнома, дар муддати панҷ рӯз иштирокчиёни тренинг оид ба «алифбои тиҷорат», сохтор ва нақшаи тиҷорат, 10 сифати асосии тоҷири муваффақ, мундариҷа ва талаботи бозор, таҳлили ҷанбаҳои мусбӣ ва хавфи тиҷорат, тарғиби маҳсулот ва хизматрасонии худ, шинос мешаванд.

Муҳаммад Турсунов, донишҷӯйи курси 3-уми факултаи шарқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, дар тренинги мазкур барои дарёфти маълумоти бештар ба хотири оғоз намудани тиҷорати шахсӣ иштирок дорад. Тавре ӯ мегӯяд: «Мехоҳам аз дигар кишварҳо молҳои ниёзи мардумро ба Тоҷикистон оварда фурушам, яъне ман мехоҳам ба тиҷорати яклухт машғул шавам ва умедворам, ки дар тренинги мазкур аз роҳу равиши ҳамин кор бохабар мешавам».



Саида Иноятова, директори Созмони занони маъюб «Иштирок», мегӯяд, ки дар натиҷаи тренинги мазкур бояд ҳар як иштирокчӣ бизнес-идеяи худро коркард намояд, то минбаъд онро дар амалия татбиқ карда тавонад.
«Мақсади тренинги мазкур ба хотири баланд бардоштани сатҳи зиндагии ҷавонони маъюбиятдошта, тариқи омӯзиши онҳо мебошад. Иштирокчиёни тренинги мазкур минбаъд ҳам метавонанд аз тренерони мо барои оғози тиҷорати худ, маслиҳату тавсияҳо гиранд. Инчунин, ҳар як иштирокчии ин тренинг имкон дорад, ки минбаъд бо гирифтани гранти хурд дар доираи лоиҳаи «Пешбурди тағйироти иҷтимоӣ ва омӯзиши касбии фарогир» бизнес идеяи худро дар амал татбиқ намояд», - иброз намуд Саида Иноятова.

Тавре гуфта мешавад, дар оғози соли 2020 барои ҷавонони маъюбиятдоштае, ки дар тренингҳои лоиҳаи «Пешбурди тағйироти иҷтимоӣ ва омӯзиши касбии фарогир» иштирок кардаанд, озмуни дарёфти кӯмакпулии бебозгашт (грант) барои оғози тиҷорати хурд эълон карда мешавад, ки ҳар кас метавонад бо идеяи тиҷоратии худ барои дарёфти маблағи то 3000 евро дархост пешниҳод кунад.



Маврид ба ёдоварист, ки ин фаъолият дар доираи лоиҳаи «Пешбурди тағйироти иҷтимоӣ ва омӯзиши касбии фарогир» бо мусоидати молии Иттиҳоди Аврупо ва Вазорати Федеролии Олмон оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва рушд амалӣ мегардад. Лоиҳа аз тарафи Намояндагии DVV International дар Тоҷикистон дар шарикӣ бо ташкилотҳои ҷамъиятии «Ассотсиатсияи таҳсилоти калонсолони Тоҷикистон» ва Созмони занони маъюб «Иштирок» амалӣ мешавад.

Тоҷикистон

Хуш омадед ба DVV International дар Осиёи Марказӣ!


Муфассалтар

Cookie-Settings
YOU ARE LEAVING DVV INTERNATIONAL
Important notice: If you click on this link, you will leave the websites of DVV International. DVV International is not responsible for the content of third party websites that can be accessed through links. DVV International has no influence as to which personal data of yours is accessed and/or processed on those sites. For more information, please review the privacy policy of the external website provider.