Лоиҳаи «Беҳтар намудани дастрасӣ ба ҳуқуқҳои иҷтимоӣ,иқтисодӣ ва фарҳангии маҳкумшудагон ва шахсони аз маҳбас озодшуда дар Тоҷикистон»

Моӽияти асосӣ

Лоиҳа ба рушди ҷомеаи осоишта ва фарогир бо роҳи дастрасӣ ба хизматрасониҳои таълимӣ ва машваратӣ барои яке аз гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ - маҳкумшудагон ва шахсони аз маҳбас озодшуда, ҳимояи ҳуқуқҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии онҳо мусоидат мекунад.

Он ба шароити иҷтимоиву иқтисодии маҳкумшудагон тавассути ҷалби бештари онҳо ба фаъолияти омўзишӣ ва истеҳсолӣ дар ҳудуди муассисаи ислоҳӣ таъсир мерасонад, ва ҳамин тариқ ба онҳо имконият медиҳад даромад ба даст оваранд ва каме шароити зисташонро беҳтар  намоянд.

Лоиҳа усули ба ҳуқуқи инсон асосёфтаро барои мусоидат ба татбиқи ҳуқуқҳои инсонии  маҳкумшудагон ва шахсони аз маҳбас озодшуда тавассути як қатор семинарҳои омӯзиши шаҳрвандӣ ва машваратҳои инфиродӣ татбиқ мекунад.

Лоиҳа инчунин механизмҳои машваратиро оид ба ҳамгироии иҷтимоӣ байни ҷомеаи шаҳрвандӣ ва мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ тавассути таҳияи Барномаи давлатии реинтегратсияи иҷтимоии шахсони аз маҳбас озодшуда институтсионализатсия мекунад.

Лоиҳа 300 маҳкумшударо дар муассисаҳои ислоҳии 3/8 ш. Норак ва  3/6 дар ш.Ёвон, инчунин зиёда аз 1100 шахсони аз маҳбас озодшударо дар 10 шаҳр ва марказҳои вилоятии Тоҷикистон, аз ҷумла Душанбе, Хоруғ, Хуҷанд, Бохтар, Ваҳдат, Б.Ғафуров, Восеъ, Панҷакент, Деваштич ва Ҷайҳун дар бар мегирад.

Лоиҳа аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо (75%) ва Вазорати федералии ҳамкории иқтисодӣ ва рушд (25%) маблағгузорӣ карда мешавад.

Мақсад ва вазифаӽои лоиӽа

Мақсади лоиҳа мусоидат ба ҳимояи ҳуқуқҳои яке аз гурӯҳҳои осебпазир - маҳкумшудагон ва шахсони аз маҳбас озодшуда, алалхусус барои амалишавии ҳуқуқҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии онҳо дар Тоҷикистон мебошад.

Вазифаи асосии лоиҳа: Тақвият додани иқтидори ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳомиёни ҳуқуқи инсон, ки бо маҳбусон ва собиқ маҳбусон бо мақсади пешбурди арзишҳои демократӣ ва ҳамгироии собиқ маҳбусон ба ҷомеа фаъолият мебаранд.

Гурӯҳҳои мақсаднок:

• 14 корманди ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ “Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният”

ва Ҷаҳон

• 10 корманди муассисаҳои давлатӣ ва ташкилотҳои ҷамиятӣ

• 10 нафар намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ки ба гурӯҳи мониторинг оид ​​ба ҳуқуқи инсон дохил карда мешаванд

• 25 корманди марказҳои ёрии ҳуқуқии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 10 шаҳр

• 150 зан - маҳкумшудагони муассисаи ислоҳии ш.Норак

• 150 мард маҳкумшуда аз муассисаи ислоҳии ш. Ёвон

• Зиёда аз 1100 шахсони аз маҳбас озодшуда.

 

Қисмӽои лоиха

  1. Васегардонии тавонмандии ташкилотхои чамияти дар ҳимояи ҳуқуқи маҳкумшудагон ва шахсони аз маҳбас озодшуда
  2. Беҳтарсозии муҳити миллии мусоид барои ҳифзи ҳуқуқҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии шахсони аз маҳбас озодшуда;
  3.  Васеъгардонии  имкониятҳо барои шахсони аз маҳбас озодшуда барои ба даст овардани даромад ва ҳамгироии иҷтимоӣ ва васеъ намудани дастрасии маҳкумшудагон ба таҳсилоти ғайрирасмии босифат дар маҳбасҳо.
  4. Баландбардории сатҳи бохабарии аҳли ҷомеа дар бораи  ҳуқуқҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии маҳкумшудагон ва шахсони аз маҳбас озодшуда.

 

Тоҷикистон

Хуш омадед ба DVV International дар Осиёи Марказӣ!


Муфассалтар

Cookie-Settings
YOU ARE LEAVING DVV INTERNATIONAL
Important notice: If you click on this link, you will leave the websites of DVV International. DVV International is not responsible for the content of third party websites that can be accessed through links. DVV International has no influence as to which personal data of yours is accessed and/or processed on those sites. For more information, please review the privacy policy of the external website provider.