Ифтитоҳи сехи дӯзандагӣ дар муассисаи ислоҳӣ дар Тоҷикистон

22 июни соли 2021 дар муассисаи ислоҳии ш. Ёвон Маросими расмии ифтитоҳии сехи дӯзандагӣ баргузор гардид.

22 июни соли 2021 дар муассисаи ислоҳии ш. Ёвон Маросими расмии ифтитоҳии сехи дӯзандагӣ баргузор гардид. Дар муассисаи ислоҳии мазкур сехи дӯзандагӣ  таъмир шуда, бо лавозимоти  муосир барои баргузории курсҳои омӯзишӣ оиди касби дӯзандагӣ маҷаҳаз гардонида шуданд. Шароити беҳтари фароҳамовардашуда барои гузаронидани курсҳои касбии дӯзандагӣ ба маҳкумшудагони ин муассисаи ислоҳӣ равона шудааст. Ин фаъолият дар доираи лоиҳаи “Беҳтар намудани дастрасӣ ба ҳуқуқҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии маҳкумшудагон ва собиқ маҳкумшудагони дар Тоҷикистон”, ки бо аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо ва Вазорати федералии Олмон оид ба рушд ва ҳамкориҳои иқтисодӣ маблағгузорӣ мешавад, гузаронида шуд. 

Муовини вазир/сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи ҶТ, генерал-лейтенант Мансурҷон Умаров, муовинони сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи ҶТ  Ильхом Махмудзода ва Рустам Байбалазода, сардори муассисаи ислоҳӣ дар ноҳияи Ёвон подполковник Шамсиддин Ҷабборов, намояндагони ташкилоти  DVV International ва ташкилоти ҷамиятии “Ҷаҳон” дар маросими ифтитоҳи сехи дӯзандагӣ ширкат варзиданд. Шахсони мансабдори давлатӣ, саҳми Иттиҳоди Аврупо ва ҳукумати Олмонро дар таъмини дастрасӣ ба таҳсилот барои маҳбусони қадрдонӣ карда, оиди саривақтӣ ва мутобиқати фаъолияти лоиҳа ба талаботи имрӯзаи кишвар ва гурӯҳи мақсаднок дубора таъкид карданд.

Лоиҳаи "Беҳтар намудани дастрасӣ ба ҳуқуқҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии маҳкумшудагон ва собиқ маҳкумшудагон дар Тоҷикистон" аз ҷониби намояндагии DVV International дар Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои ҷамиятии маҳаллӣ: "Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният" ва "Ҷаҳон" амалӣ карда мешавад. Лоиҳаи дусолаи мазкур барои дастгирии 300 нафар маҳкумшудагон дар муассисаҳои ислоҳии №3/8 дар шаҳри Норак ва №3/6 дар ноҳияи Ёвон, инчунин 1100 нафар собиқ маҳкумшуда дар 10 шаҳру навоҳии кишвар, равон шудааст. Лоиҳа ба татбиқи ҳуқуқҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии шахсони маҳкумшуда тариқи ҷалби онҳо ба фаъолияти таълимӣ ва истеҳсолӣ дар заминаи муассисаҳои ислоҳӣ мусоидат мекунад. Ин имкон медиҳад, ки маҳбусон ба дониш ва маҳоратҳои нав фаро гирифта шуда, инчунин ба рушди фаъолияти фоиданок бо мақсади беҳтар намудани шароити зисти худ дар муассисаи ислоҳӣ, машғул шаванд. Дастгирии шахсони аз маҳбас озодшуда ба воситаи машваратҳо оид ба ҳамгироии иҷтимоӣ ва хизматрасонии роҳнамоӣ гузаронида мешавад.

Барои дарёфти иттилои муфассал, лутфан муроҷиат намоед ба:

ЗаринаХолиқова, директориНамояндагииDVV International дарТоҷикистон тавассути почтаи электронииkhalikova@dvv-international.tj

Тоҷикистон

Хуш омадед ба DVV International дар Осиёи Марказӣ!


Муфассалтар

Cookie-Settings
YOU ARE LEAVING DVV INTERNATIONAL
Important notice: If you click on this link, you will leave the websites of DVV International. DVV International is not responsible for the content of third party websites that can be accessed through links. DVV International has no influence as to which personal data of yours is accessed and/or processed on those sites. For more information, please review the privacy policy of the external website provider.