Душанбе, Панҷакент ва Рашт иқтидори худро дар таълими шахсони маъюб меафзоянд

Дар доираи лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо ва Вазорати Федеролии Олмон оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва рушд аз 19 то 21 сентябри соли 2018, ташкилоти ҷамъиятӣ «Ассотсиатсияи таҳсилоти калонсолони Тоҷикистон» дар ҳамкорӣ бо Намояндагии Институти ҳамкории байналмилалии Ассотсиатсияи донишгоҳҳои халқии Олмон (DVV International) дар Тоҷикистон омўзиши серўзаро дар мавзўи «Таҳсилоти фарогир ва малакаҳои касбӣ барои ҷавонони маъюб» барои мутахассисони МД «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» ва филиалҳои он дар шаҳрҳои Душанбе, Панҷакент ва ноҳияи Рашт, ташкил мекунад. Омўзиш дар шаҳри Душанбе мегузарад.

Ҳадаф аз баргузории тренинг шинос намудани иштирокчиёни он бо принсипҳо, шаклҳо ва усулҳои омӯзиши касбии фарогир, асосҳои терапияи (дармони) рафторӣ, фаҳмиши муосири маъюбӣ ва проблемаҳои ахлоқӣ мебошад. Дар тренинг мавзўъҳое, чун созгории муҳити омўзиш барои таълимгирандагоне, ки маъюбияти ҷисмиву зеҳнӣ, ихтилолоти басириву шунавоӣ доранд, таҳияи нақшаҳои инфиродии таълим ҳаллу фасл мегарданд, инчунин додани маслиҳатҳои маърифативу таълимӣ барои гурўҳи мақсаднок ва аъзои оилаҳои онҳо баррасӣ мешавад.

Дар рафти омӯзиш иштирокчиён барномаи дастгирии волидонро, ба онҳо омўзонидани усулҳои рушди кўдакон, наврасон ва ҷавононеро, ки маъюбӣ доранд, низ баррасӣ мекунанд.

Дар оянда Намояндагии DVV International дар Тоҷикистон ҳамроҳ бо ташкилотҳои ҷамъиятӣ «Ассотсиатсияи таҳсилоти калонсолони Тоҷикистон» ва Созмони занони маъюб «Иштирок» барномаи таълимиро оид ба омӯзиши касбии кутоҳмуддат ва барномаи курси интенсивиро (фишурдаро) оид ба таҳсилоти ибтидоӣ, ки ба талаботи шахсони маъюб мутобиқ гардонида мешаванд, таҳия хоҳад кард.

Ин фаъолият дар доираи лоиҳаи «Пешбурди тағйироти иҷтимоӣ ва омӯзиши касбии фарогир» бо маблағгузории Иттиҳоди Аврупо ва Вазорати Федеролии Олмон оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва рушд амалӣ мегардад.  
Лоиҳа аз тарафи Намояндагии DVV International дар Тоҷикистон дар шарикӣ бо ташкилотҳои ҷамъиятӣ «Ассотсиатсияи таҳсилоти калонсолони Тоҷикистон» ва Созмони занони маъюб «Иштирок» амалӣ мешавад.

Барои дарёфти иттилои муфассал, лутфан муроҷиат намоед ба:Зарина Холиқова, директори Намояндагии DVV International дар Тоҷикистон тавассути почтаи электронии khalikova@dvv-international.tjБакаева Дилбар, директори иҷроияи ТҶ «Ассотсиатсияи таҳсилоти калонсолони Тоҷикистон» тавассути почтаи электронии  dbakaeva@yandex.ru,  aeatboard@yandex.ru

Тоҷикистон

Хуш омадед ба DVV International дар Осиёи Марказӣ!

Муфассалтар

Cookie-Settings
YOU ARE LEAVING DVV INTERNATIONAL
Important notice: If you click on this link, you will leave the websites of DVV International. DVV International is not responsible for the content of third party websites that can be accessed through links. DVV International has no influence as to which personal data of yours is accessed and/or processed on those sites. For more information, please review the privacy policy of the external website provider.