Рушди деҳаҳои осоишта

Вазифаҳои лоиҳа:

 

Таҳдидҳо ба сулҳи босубот дар Осиёи Марказӣ тавассути таҳкими муносибатҳои байни сокинони минтақаҳои наздисарҳадии Қирғизистон ва Тоҷикистон кам карда мешаванд. Сатҳи қобилияти онҳо ҷиҳати муқовимат карда тавонистан ба иғвоҳо, ки боиси низоъҳои зўроварӣ ва экстремизм (ифротгароӣ) шуда метавонанд, баландтар хоҳад шуд.

 

Дар доираи лоиҳа натиҷаҳои зерин ба даст оварда мешаванд:

 

  • Таҳкими имкониятҳои амалиётӣ ва ниҳодӣ (институтсионали)-и созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандии Қирғизистон ва Тоҷикистон, ки дар минтақаи наздисарҳадӣ фаъолият мебаранд.
  • Беҳтар кардани ҳамоҳангсозӣ  ва ҳамкории байни онҳо.
  • Кори амалӣ ва босамари сохторҳои ҷамъиятӣ  ҳамчун замина (платформа) барои муколама бо мақсади  таъмин кардани амният, рушди иҷтимоӣ  ва сафарбар кардани   ҷомеаҳо. 
  • Иштироки занон, ҷавонон ва фаъолон (пешвоён)-и анъанавӣ дар таҳкими эътимоди байни кишварҳо ва танзими оқилонаи низоъҳо.
  • Беҳтар намудани ҳамкории байнисарҳадӣ дар соҳаи иқтисодиёт.

 

Чорабиниҳо дар доираи лоиҳа:

 

  • Таҳкими имкониятҳои мувофиқи амалиётӣ ва ниҳодӣ (институтсионалӣ)-и созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ (СҶШ) -и Қирғизистон ва Тоҷикистон.
  • Рушди  филиали Маркази омўзиши  калонсолон (МОК)   дар ш. Исфара  ва таъсис додани  Маркази омўзиш  ва рушди ҷомеаҳо (МОРҶ)  дар ш.Баткен  ба сифати замина (платформа) барои муколама бо мақсади таъмин кардани  амният, рушди иҷтимоӣ ва сафарбар кардани  ҷомеа, ки онҳо метавонанд  ба сифати асоси ҳамкории байни субъектҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ  истифода карда шаванд.  
  • Фароҳам овардани имкониятҳо барои фаъолият дар соҳаи шаҳрвандии ҷаҳонӣ, амалҳои зидди экстремизм (ифротгароӣ) ва муколама кардан оид ба   масъалаҳои амнияти ҷомеа.
  • Дастгирии манфиати иқтисодии тарафайн ва ба роҳ мондани ҳамкории байни ҷомеаҳои Қирғизистон ва Тоҷикистон, ҳамчунин ташкили тиҷорат(соҳибкорӣ)-и муштарак.

 

Принсипҳои асосии   татбиқи лоиҳа ҳассосият ба муноқишаҳо ва муносибати «зарар нарасонед» хоҳанд буд.

Диққати махсус  ба ҷалби занон ва ҷавонон ба барномаҳои Таълими шаҳрвандии ҷаҳонӣ (GCED) ва Академияи сулҳ равона карда мешавад ва дар айни замон  дар он занон на камтар аз 50%-и иштирокчиёни лоиҳаро ташкил медиҳанд. Дар интихоби иштирокчиёни лоиҳа намояндагони маъмуриятҳои маҳаллӣ ширкат меварзанд. Модулҳои марбут ба ҳуқуқи инсон қисми ҳамаи барномаҳои таълимии лоиҳаро ташкил медиҳанд.

 

Шарикони лоиҳа:

 

  • Намояндагии ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон дар вилояти Баткен ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон.
  • Маъмурияти давлатии ноҳияи Баткен.
  • Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш. Исфара.
  • Агентии давлатии тарбияи ҷисмонӣ, варзиш ва сиёсати ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон.
  • Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Қирғизистон (раёсатҳои вилоятӣ ва ноҳиявӣ).
  • Хадамоти давлатии сарҳадии Ҷумҳурии Қирғизистон (Раёсати вилоятии Баткен).
  • Ассотсиатсияи соҳибкорони ҷавон – «Жашишкерлер ассоциациясы» (ЖИА).
  • Ассотсиатсияи Байналмилалии Истеҳсолкунандагон ва содироткунандагони маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон.
Тоҷикистон

Хуш омадед ба DVV International дар Осиёи Марказӣ!


Муфассалтар

Cookie-Settings
YOU ARE LEAVING DVV INTERNATIONAL
Important notice: If you click on this link, you will leave the websites of DVV International. DVV International is not responsible for the content of third party websites that can be accessed through links. DVV International has no influence as to which personal data of yours is accessed and/or processed on those sites. For more information, please review the privacy policy of the external website provider.