Ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ иқтидори худро барои гузаронидани курсҳо оид ба асосҳои саводноккунии заминавӣ барои шахсони маъюбиятдошта

Ташкилоти ҷамъиятии "Созмони занони маъюб “Иштирок”” дар Тоҷикистон аз 14 то 18 октябри соли 2020 омӯзиши панҷрӯза барои тренерон-намояндагони ташкилотҳои шарикии ҷомеаи шаҳрвандӣ оид ба гузаронидани курсҳои саводноккунии заминавӣ барои шахсони маъюбиятдошта ташкил менамояд. Ҳадафи омӯзиш омӯзонидани тренерҳо оид ба ташаккули малакаҳои заминавии саводнокии ҷавонони маъюб, ки аз ҳамсолони худ ақиб мондаанд, мутобиқи барномаи таълимии фарогир «Асосҳои саводноккунии заминавии калонсолон» мебошад.

Барномаи таълимии фарогир «Асосҳои саводноккунии заминавии калонсолон» аз ҷониби як гурӯҳи корӣ, ки аз ҳисоби мутахассисони маҳаллӣ ташкил шудааст, барои таълим додани шахсони дорои эҳтиёҷоти махсуси таҳсилоти синнашон аз 14-сола боло, ки саводи заминавӣ надоранд, яъне навиштан, хондан, ҳисобро намедонанд, омода шудааст. Курси озмоишии барнома моҳи декабри соли 2019 бо иштироки 17 нафар ҷавонони дорои маъюбияти гуногун баргузор гардид. Ба ғайр аз таълими малакаҳои заминавии саводнокӣ, шунавандагон баъзе малакаҳои ҳаётӣ чун мустақилият ва мутобиқшавии иҷтимоиро низ ба даст оварданд.

Баъдан, барномаи таълимӣ барои истифода аз ҷониби Шӯрои методии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсия шуда, аз ҷониби Муассисаи давлатии «Маркази таълимию методӣ ва мониторинги сифати таълим» назди Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шудааст.

Ин фаъолият дар доираи лоиҳаи «Пешбурди тағйироти иҷтимоӣ ва омӯзиши касбии фарогир» бо мусоидати молии Иттиҳоди Аврупо ва Вазорати Федеролии Олмон оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва рушд амалӣ мегардад.  Лоиҳа аз тарафи Намояндагии DVV International дар Тоҷикистон дар шарикӣ бо ташкилотҳои ҷамъиятӣ «Ассотсиатсияи таҳсилоти калонсолони Тоҷикистон» ва Созмони занони маъюб «Иштирок» амалӣ мешавад.

Барои дарёфти иттилои муфассал, лутфан муроҷиат намоед ба:

Халикова Зарина, директори Намояндагии DVV International дар Тоҷикистон тавассути почтаи электронии khalikova@dvv-international.tj ва

Иноятова Саида, директори ТҶ "Созмони занони маъюб “Иштирок”” дар Тоҷикистон» тавассути почтаи электронии: saida.inoyatova@ishtirok.tj.  

Тоҷикистон

Хуш омадед ба DVV International дар Осиёи Марказӣ!

Муфассалтар

Cookie-Settings
YOU ARE LEAVING DVV INTERNATIONAL
Important notice: If you click on this link, you will leave the websites of DVV International. DVV International is not responsible for the content of third party websites that can be accessed through links. DVV International has no influence as to which personal data of yours is accessed and/or processed on those sites. For more information, please review the privacy policy of the external website provider.