Тағироти техникӣ дар махзани маълумоти марказҳои ёрии ҳуқуқӣ (МЁХ)

Адвокатҳои МЁХ мизоҷони худро дар асоси нармафзори махзани маълумоти МЁХ, ки аз ҷониби Намояндагии Хелветас Швейтсария Интеркоперейшн дар Тоҷикистон таҳия шудааст, пайгирӣ мекунанд.

Адвокатҳои МЁХ мизоҷони худро дар асоси нармафзори махзани маълумоти МЁХ, ки аз ҷониби Намояндагии Хелветас Швейтсария Интеркоперейшн дар Тоҷикистон таҳия шудааст, пайгирӣ мекунанд. Ин махзани маълумот ба таҳияи ҳисоботи оморӣ оиди шумора ва мундариҷаи хадамоти ҳуқуқӣ ва ба таври куллӣ пешниҳод кардани маълумоти иҷтимоӣ ва дигар маълумоти асосии мизоҷони МЁХ имкон медиҳад. Аммо, дар ин махзани маълумотмеъёрҳои пайгирии собик маҳкумшудагон мавҷуд набуданд, ки кори адвокатҳоро мушкилтар мекунад, зеро онҳо ин гурӯҳи осебпазирро дохил карда ва пайгирӣ карда наметавонанд. Аз ин лихоз, дар доираи лоиҳаи “Беҳтар намудани дастрасӣ ба ҳуқуқҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии маҳкумшудагон ва собиқ маҳкумшудагон дар Тоҷикистон”, ки аз тарафи DVV International дар Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Идораи ҳуқуқи инсон ва риояиқонуният амалигашта истодааст дар махзани маълумоти Муассисаи давлатӣ ( МД) Маркази ёрии ҳуқуқӣ (МЁХ) дар сутуни "вазъи иҷтимоӣ" -и муштарӣ мақоми собиқ маҳкумшуда ворид шудааст. Ин амал ба беҳбудии муҳити миллӣ барои ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ҳимояи ҳуқуқҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии собиқмаҳкумшудагон дар Тоҷикистон мусоидат мекунад. Лоиҳаи мазкур аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо ва Вазорати федералии ҳамкории иқтисодӣ ва рушд маблағгузорӣ карда мешавад.

Тоҷикистон

Хуш омадед ба DVV International дар Осиёи Марказӣ!


Муфассалтар

Cookie-Settings
YOU ARE LEAVING DVV INTERNATIONAL
Important notice: If you click on this link, you will leave the websites of DVV International. DVV International is not responsible for the content of third party websites that can be accessed through links. DVV International has no influence as to which personal data of yours is accessed and/or processed on those sites. For more information, please review the privacy policy of the external website provider.