Ташкилоти Ҷамиятии (ТҶ)"Ҷаҳон" дар ҳамкорӣ бо Институти ҳамкориҳои байналмилалии Ассотсиатсияи Олмон оид ба таҳсилоти калонсолон (DVV International) дар Тоҷикистон ба хотири татбики лоиҳаи “Беҳтар намудани дастрасӣ ба ҳуқуқҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии маҳкумшудагон ва собиқ маҳкумшудагон дар Тоҷикистон”, (SECRET 3) ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо ва Вазорати федералии ҳамкории иқтисодӣ ва рушди Олмон маблағгузорӣ мешавад, санаи 16-19 декабри соли 2020 тренинги чоррӯзаро оид ба" Малакаҳои тарҳрезии лоиҳа барои собиқ маҳкумшудагон" баргузор намуд.
Яке аз омузгорони тренинги мазкур баён дошт, ки давоми тахсил таваҷҷӯҳи махсус ба тавонмандсозии занони собиқ маҳкумшуда барои дастгирӣ дар тарҳрезиеваи лоиҳа равона карда шуд ва фаъолнокии иштирокчиёни тренинг ба мушохида расид.
Зимнан, иштирокчиёни тренинг тайи чахор рузи тахсил бо тарҳрезии ҷузъҳои гуногуни лоиҳа, аз ҷумла ҷамъоварии маълумоти заминавӣ, таҳлили вазъият дар асоси таҳлили SWOT, сохтори нақшаи корӣ, буҷа ва воситаҳои асосии мониторинг шинос шуданд, ки дониш ва малакаҳои мазкур ба шунавандагон имкони пешниходи лоихахои чолибро ба ташкилотҳои маҳаллии грантдиҳанда ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ чихати маблағгузорӣ медихад.
Хоса, занони собиқ маҳкумшуда барои баҳрабардорӣ аз имкониятҳои грантӣ лоихахои бунёди коргохи дузандаги, либосшуи, таомпази ва амсоли инро бо хидояти омузгорон матрах намуданд. Точиниссо ном шунавандаи тренинги мазкур иброз дошт, ки омӯзиши чоррӯза дар шахри Душанбе мархилаи навбатии силсилаи машкхои таълими мебошад. Марҳилаҳои пешинаро дар муассисахои ислохоти гузаронида буданд, ки дар сурати ба озоди баромадан дар интихоби самти дурусти зиндаги ба иштибох рох надиханд.
Омузгорони тренинг илова намуданд, ки гузаронидани тренингҳои пешина оид ба тарҳрезии лоиҳа барои собиқ маҳкумшудагон дар тарҳрезӣ намудани лоиҳаҳои иҷтимоии худ ва саҳм гузоштан дар беҳтар намудани ҷомеаи худ, кумак кард. Дар натиҷа, занони собиқ маҳкумшуда Грантҳои Президентӣ ба даст оварданд, ки ба онҳо дар татбиқи лоиҳаҳои худ ва барои муваффақ шудан дар соҳаҳои интихобкардаашон кумак кард.
Ёдовар мешавем, ки ин фаъолият дар доираи лоиҳаи “Беҳтар намудани дастрасӣ ба ҳуқуқҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии маҳкумшудагон ва собиқ маҳкумшудагон дар Тоҷикистон”, (SECRET 3) ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо ва Вазорати федералии ҳамкории иқтисодӣ ва рушди Олмон маблағгузорӣ мешавад, амалӣ карда мешавад. Лоиҳа аз ҷониби намояндагии кишварии DVV International дар Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои ҷамъиятии маҳаллӣ "Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният" ва ташкилоти ҷамъиятии "Ҷаҳон" амалӣ карда мешавад.
Барои дарёфти иттилои муфассал, лутфан муроҷиат намоед ба:
Зарина Халикова, директори НамояндагииDVV International дар Тоҷикистон тавассути почтаи электронииkhalikova@dvv-international.tj
Шахло Абдунабизода, директори ТЧ «Джахон»,тавассути почтаи электронии ngo.jahon@gmail.com