Курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзиши касбии фарогир аз рӯи ихтисоси “Гулпарвар” оғоз гардид

Дар доираи лоиҳаи «Пешбурди тағйироти иҷтимоӣ ва омӯзиши касбии фарогир дар Тоҷикистон» дар заминаи корхонаи воҳиди давлатии “Маркази таълимии шаҳри Душанбе” гармхонаи таълимӣ бо тамоми шароитҳо ба истифода дода шуда, моҳи августи соли ҷорӣ омӯзиши касбии фарогир аз рӯи касби “Гулпарвар” бо ҷалби ҷавонони маъюбиятдошта оғоз шуд.

Дар доираи лоиҳаи «Пешбурди тағйироти иҷтимоӣ ва омӯзиши касбии фарогир дар Тоҷикистон» дар заминаи корхонаи воҳиди давлатии “Маркази таълимии шаҳри Душанбе” гармхонаи таълимӣ бо тамоми шароитҳо ба истифода дода шуда, моҳи августи соли ҷорӣ омӯзиши касбии фарогир аз рӯи касби “Гулпарвар” бо ҷалби ҷавонони маъюбиятдошта оғоз шуд. 

Барномаи таьлимии омӯзишӣ аз 128 соат иборат буда, дар ҷараёни он касбомӯзон аз нозукиҳои гулпарварӣ ва нигоҳубини гулу растаниҳо маълумот гирифта, иловатан дар ҳаҷми 16 соат оид ба мавзӯҳои “Тиҷорати худро оғоз намо” ва “Малакаҳои ҳаётӣ” дарсҳои назариявӣ мехонанд.

Дар раванди омӯзиш, устодон аз барномаҳои таълимии махсуси таҳияшуда барои омӯзиши фарогир бо ҷалби мутахассисони варзидаи соҳаи гулпарварӣ, аз ҷумла: нақша ва китоби дарсӣ, маводи тасвирӣ, машғулиятҳои амалӣ, дастурамал барои омӯзгорон истифода хоҳанд кард. Лозим ба ёдоварист, ки хатмкунандагон курсҳои омӯзишии мазкур баъди итмоми он метавонанд ба бозори меҳнат ҳамчун мутахассиси соҳа ворид шаванд.

Ин фаъолият дар доираи лоиҳаи «Пешбурди тағйироти иҷтимоӣ ва омӯзиши касбии фарогир» бо мусоидати молии Иттиҳоди Аврупо ва Вазорати Федеролии Олмон оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва рушд амалӣ мегардад. 

Лоиҳа аз тарафи Намояндагии DVV International дар Тоҷикистон дар шарикӣ бо ташкилотҳои ҷамъиятӣ «Ассотсиатсияи таҳсилоти калонсолони Тоҷикистон» ва Созмони занони маъюб «Иштирок» амалӣ мешавад.

Тоҷикистон

Хуш омадед ба DVV International дар Осиёи Марказӣ!


Муфассалтар

Cookie-Settings
YOU ARE LEAVING DVV INTERNATIONAL
Important notice: If you click on this link, you will leave the websites of DVV International. DVV International is not responsible for the content of third party websites that can be accessed through links. DVV International has no influence as to which personal data of yours is accessed and/or processed on those sites. For more information, please review the privacy policy of the external website provider.