Дар шаҳри Душанбе лоиҳаи Барномаи омўзиши касбӣ ва ба ҷойи кор таъмин намудани маҳкумшудагон дар муассисаҳои ислоҳӣ ва шахсони аз адои ҷазо озодшуда барои солҳои 2021-2030 мавриди муҳокима карор гирифт.

22 декабри соли равон дар ш.Душанбе вохурии гурӯҳи корӣ оид ба муҳокимаи лоиҳаи Барномаи омўзиши касбӣ ва ба ҷойи кор таъмин намудани маҳкумшудагон дар муассисаҳои ислоҳӣва шахсони аз адои ҷазо озодшуда барои солҳои 2021-2030 баргузор гардид.

Ташкилкунандагони ин чорабинӣ ТҶ "Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният" дар ҳамкорӣ бо Институти ҳамкориҳои байналмилалии Ассотсиатсияи Олмон оид ба таҳсилоти калонсолон (DVV International) дар Тоҷикистон чорабинии мазкурро дар доираи лоиҳаи "Беҳтар намудани дастрасӣ ба ҳуқуқҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии маҳкумшудагон ва собиқ маҳкумшудагон дар Тоҷикистон" (SECRET 3 ), ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо ва Вазорати федералии ҳамкории иқтисодӣ ва рушди Олмон маблағгузорӣ мешавад,гузаронданд.

Дар чорабинии мазкур намояндагони Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии (СРИҶҶ) Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҶТ), Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ки ба ин мавзӯъ тахассус доранд, иштирок карданд.

Илҳом Махмудзода, муовини сардори СРИҶҶ  Вазорати адлияи ҶТ лоиҳаи Барномаи омўзиши касбӣ ва ба ҷойи кор таъмин намудани маҳкумшудагон дар муассисаҳои ислоҳӣ ва шахсони аз адои ҷазо озодшуда барои солҳои 2021-2030 инчунин Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи барномаро муаррифӣ нвмуд. Пас аз муаррифӣ, муҳокимаи муфассали Барнома ва Нақшаи чорабиниҳо оид ба он баргузор гардид.

Дар баромади худ директори Ташкилоти ҷамъиятии “Ҷахон” Шаҳло Абдунабизода нақши муҳими таҳсилоти касбиро дар муассисаҳои ислоҳӣ қайд кард, зеро курсҳои касбӣ ба маҳкумшудагон пас аз озодӣ дар пайдо намудани ҷои кор кӯмак мерасонад.

Директори Ташкилоти ҷамъиятии "Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният" Наргис Зокирова зимни муҳокима қайд кард, ки нишон додани таҳсилоти касбӣ ҳамчун ҷузъи алоҳида хеле муҳим аст, инчунин мусоидати он ба шахсони аз адои ҷазо озодшуда барои пайдо намудани ҷои кор, зеро пас аз озод шудан аксарияти онҳо ба мушкилоти зиёд дучор мешаванд барои пайдо намудани ҷои кор.

Дар навбати худ Шаҳло Абдунабизода масъалаи додани имтиёз ба он корхонаҳо ва ташкилотҳое, ки собиқ маҳкумшудагонро ба кор кабул мекунанд,пешниҳод намуд. Бо ин ақида ҳамаи иштирокчиёни вохурӣ розӣ шуданд.

Дар охири чорабинӣ иштирокчиён ба мувофиқа расиданд, ки ҳарду ҳуҷҷат бояд такмил дода шавад. Илҳом Махмудзода, муовини сардори СРИҶҶ Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешниҳод кард, ки намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ пешниҳодҳои худро ба СРИҶҶ Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристанд, то онҳоро ба барнома ва нақшаи фаъолият шомил кунанд.

Бояд қайд кард, ки Барномаи омўзиши касбӣ ва ба ҷойи кор таъмин намудани маҳкумшудагон дар муассисаҳои ислоҳӣ ва шахсони аз адои ҷазо озодшуда барои солҳои 2021-2030 аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шуда истодааст ва дар назар аст, ки соли 2021 қабул карда мешавад.

Тоҷикистон

Хуш омадед ба DVV International дар Осиёи Марказӣ!


Муфассалтар

Cookie-Settings
YOU ARE LEAVING DVV INTERNATIONAL
Important notice: If you click on this link, you will leave the websites of DVV International. DVV International is not responsible for the content of third party websites that can be accessed through links. DVV International has no influence as to which personal data of yours is accessed and/or processed on those sites. For more information, please review the privacy policy of the external website provider.