Беҳтар намудани дастрасӣ ба ҳуқуқҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии маҳкумшудагон ва собиқ маҳкумшудагон дар Тоҷикистон

13-17 октябри соли 2020, дар шаҳри Душанбе, дар доираи лоиҳаи "Беҳтар намудани дастрасӣ ба ҳуқуқҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии маҳкумшудагон ва собиқ маҳкумшудагон дар Тоҷикистон" (СЕКРЕТ-3), омӯзиши 5-рӯза оид ба рушди малакаҳои соҳибкорӣ барои собиқ маҳкумшудагон баргузор гардид. Омӯзишро шарики лоиха ташкилоти ҷамъиятии Ҷаҳон гузаронид.

Ҳадафи тренинг  - васеъ намудани имкониятҳо барои собиқ маҳкумшудагон дар самти ба даст овардани даромад ва ҳамгироӣ ба ҷомеа.  Дар омузиш 15 собик маҳкумшуда иштирок намуданд (аз он ҷумла 8 зан ва 7 мард)

Ҳадафи тренинг баланд бардоштани потенсиали оғозёбӣ ва ҳавасманд кардани шуғли ашхоси аз маҳбас озодшуда мебошад.

Курси омӯзишӣ барои собиқ маҳкумшудагон имконият фароҳам овард, ки малакаҳои соҳибкориро инкишоф диҳанд ва ба онҳо дар таҳияи нақшаи корӣ кӯмак расонд. Дар тренинг мавзӯъҳои зерин фаро гирифта шуданд: ки соҳибкор аст, Кор бо идеяҳои тиҷоратӣ, Бозор ва тиҷорати шумо, Имкониятҳои дарёфти дастгирии грантӣ барои татбиқи идеяҳои тиҷоратӣ, Маркетинг, Нарх ва нархгузории маҳсулот / хидматҳо, Таҳлили SWOT. Дар қисмати "Кор бо формати барномаҳои нақшаи корӣ" барои иштирокчиён дар пур кардани дархостҳо аз Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Хукумати Точикистон, бонки Имон интернейшнл  машғулияти амалӣ гузаронида шуд. Дар қисмати "Манбаъҳои маблағгузории фаъолияти соҳибкорӣ" нуқтаҳои зерин муҳокима шуданд: қарзҳо, грантҳо, саҳми шахсӣ ва имкониятҳо ва хавфҳои истифодаи манбаъҳои гуногун. Дар бахши "Намудҳои тиҷорат" онҳо масъалаҳои соҳибкории инфиродӣ, кооперативи истеҳсолӣ ва ҷавобгарии ҳуқуқӣ, андозҳо, суғуртаро баррасӣ карданд. Мушоҳида карда шуд, ки кор дар гуруххо ва муаррифии корхои гурӯҳи ба иштирокчиён фаҳмиши амиқи нозукиҳои тиҷоратро медиҳад.

Тоҷикистон

Хуш омадед ба DVV International дар Осиёи Марказӣ!


Муфассалтар

Cookie-Settings
YOU ARE LEAVING DVV INTERNATIONAL
Important notice: If you click on this link, you will leave the websites of DVV International. DVV International is not responsible for the content of third party websites that can be accessed through links. DVV International has no influence as to which personal data of yours is accessed and/or processed on those sites. For more information, please review the privacy policy of the external website provider.