Лоиҳаи “Ҳимояи ҳуқуқҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии маҳкумшудагон ва собиқ маҳкумшудагон дар Тоҷикистон” дар даври чорум ба кори худ шуруъ кард

Лоиҳаи “Ҳимояи ҳуқуқҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии маҳкумшудагон ва собиқ маҳкумшудагон дар Тоҷикистон” дар даври чорум ба кори худ шуруъ кард

Санаи 25 апрели соли равон дар дафтари кории Намояндагии Институти ҳамкории байналмилалии Ассотсиатсияи донишгоҳҳои халқии Олмон (DVV International) дар Тоҷикистон вохӯрии аввали Шӯрои ҳамоҳангсозии лоиҳаи “Ҳимояи ҳуқуқҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии маҳкумшудагон ва собиқ маҳкумшудагон дар Тоҷикистон” баргузор гардид, ки дар он намояндагони сохторҳои давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва созмонҳои байналхалқӣ иштирок карданд.

Зарина Халикова, директори Намояндагии DVV International дар Тоҷикистон бо сухани ифтитоҳӣ ҷорабиниро оғоз карда, оид ба мақсаду ҳадафҳои чорабинии мазкур ва лоиҳа чунин гуфт: “Боиси хушнудист, ки DVV International дар якҷоягӣ бо ҳамкорони рушд, аз ҷумла Саридораи иҷрои ҷазои ҷиноии ҶТ, ташкилотҳои ҷамъиятии “Ҷаҳон” ва “Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният” оғоз аз соли 2014 дар самти ҳимояи ҳуқуқҳои маҳкумшудагон ва собиқ маҳкумшудагон фаъолият мекунад. Ин лоиҳаи ҷорум аст, ки мо дар якҷоягӣ бо шарикон ба амалисозии он шуруъ кардем ва умедворем, ки он мисли лоиҳаҳои қаблӣ муфид хоҳад буд”.

Дар чорабинӣ инчунин, Мирзоев Фаридун сардори идораи кадрҳо Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Галина Веремейчик - директори минтақавии DVV International дар Осиёи Марказӣ оид ба муҳимияти ҳамкорӣ миёни сохторҳои давлатӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар самти касбомӯзии маҳкумшудагон дар муассисаҳои пӯшида, дубора баргаштани онҳо ба зиндагии муқаррарӣ ва ҳимояи ҳуқуқҳои ин қишри осебпазири ҷомеа таъкид карда, оиди ҳамкориҳои судманди минбаъда гуфтанд. 

Лозим ба ёдоварист, ки лоиҳаи “Ҳимояи ҳуқуқҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии маҳкумшудагон ва собиқ маҳкумшудагон дар Тоҷикистон” аз моҳи январи соли 2023 то моҳи декабри соли 2024 дар самти ҳимояи ҳуқуқҳои маҳкумшудагон ва собиқ маҳкумшудагон дар якҷоягӣ бо СИҶҶ ва ташкилотҳои ҷамъиятии кишвар кор хоҳад кард. 

Cookie-Settings
YOU ARE LEAVING DVV INTERNATIONAL
Important notice: If you click on this link, you will leave the websites of DVV International. DVV International is not responsible for the content of third party websites that can be accessed through links. DVV International has no influence as to which personal data of yours is accessed and/or processed on those sites. For more information, please review the privacy policy of the external website provider.