ш.Душанбе, 15 январи соли 2016 - Баъд аз озод шудан, собиқ маҳкумшудагон ҳиссиёти дуҷониба доранд. Аз як тараф, ҳисси раҳоӣ ва озодӣ ҳузур дорад, аз тарафи дигар - тарс аз ноаёнӣ. Ин шахсон ба нофаҳмӣ аз тарафи атрофиён рӯ ба рӯ мешаванд, дар ҷустуҷӯи кор ва барпо намудани зиндагии шахсӣ ба мушкилиҳо дучор мешаванд, бинобар ин онҳо ба дастгирӣ ва кӯмаки муайян эҳтиёҷ доранд.
Лоиҳаи «Ҳуқуқҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва маданию маърифатии маҳкумшудагон ва собиқ маҳкумшудагон дар Тоҷикистон» ба амалишавии ҳуқуқҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва мадании яке аз қишрҳои камҳифзшавандаи аҳолӣ – занони маҳбус тариқи ҷалби бештари онҳо ба фаъолияти омӯзишӣ ва истеҳсолӣ дар ҳудуди маҳбас равона шуда буд. Бо мақсади дар оянда тағйир ёфтани шароити иҷтимоии собиқ занону мардони маҳкумшуда, ба онҳо тариқи маслиҳатҳои ҳуқуқӣ ва равонӣ кӯмак расониданд ва барои худинкишофёбӣ ва муайян намудани мавқеи касбиашон тренингҳои махсус доир намуданд.
Дар доираи лоиҳа зиёда аз 160 нафар занони маҳбус дар Муассисаи ислоҳии 3/8 ш. Норак баъд аз итмоми курсҳои таълими касбӣ доир ба дӯзандагӣ, қаннодӣ, ороиши муй ва малакаҳои компютерӣ соҳиби малакаҳои касбӣ ва шаҳодатномаи давлатӣ гаштаанд. “Ман ҳамеша фикрам мекардам, ки пас аз ба озодӣ баромадан маро чӣ интизор аст, азбаски соҳиби ягон касб набудам. Ҳоло баъди ин курсҳоро хонданам, ба хулосае омадам, ки баъди ба озодӣ баромадан ягон корхонае хурдакаки либосдӯзӣ кушоям, ки дар он ҷо на танҳо ман кор мекунам, балки дигар занонро низ ҷалб мекунам”, - гуфт яке аз занони маҳбус. Ба зиёда аз 720 маҳкумшудагон ва собиқ маҳкумшудагон кӯмаки ҳуқуқӣ, маслиҳатҳои равонӣ ва машваратҳо оид ба имтиезҳои иҷтимоӣ ва талаботҳои бозори меҳнат барои мутобиқат ба ҳаёти иҷтимоии оянда пешниҳод шуд.
Чорабинии хотимавии лоиҳа ба муаррифии муваффақиятҳои бадастомада бахшида шуда буд. Дар он оид ба хулоса ва натиҷаҳои кори лоиҳа маълумот дода шуд ва барои минбаъд пеш бурдани ҳуқуқҳои ин гурӯҳи камҳифзшавандаи ҷомеа тавсияҳо пешниҳод гардиданд. Бо фаъолияти бобарори лоиҳа дар самти кор бо маҳкумшудагон ва собиқ маҳкумшудагон тақрибан намояндагони панҷоҳ намояндагони сохторҳои манфиатдори давлатию ғайридавлатӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ ва ВАО шинос шуданд. Ҳамкории муштараки сохторҳои давлатию ғайридавлатӣ дар баландбардории огаҳии чомеа доир ба ҳуқуқи занони маҳкумшуда муваффақ буда, тариқи чорабиниҳои иттилоотӣ, барномаҳои таҳсилоти шаҳрвандӣ, машваратҳо, дастгирӣ ва пешбурди муҳити солиму мусоид дар миёни маҳкумшудагон ва муносибати нек аз тарафи ҳайати кормандони муассисаи ислоҳӣ ба роҳ монда шуда буд. Тадқиқотҳои гузаронидашуда оид ба дастрасӣ ба таҳсилот дар системаи ислоҳӣ ва мушкилиҳое, ки собиқ маҳкумшудагон ҳангоми амаликунонии ҳуқуқҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва мадании худ бо онҳо дучор мешаванд, заминаи муколимаи муҳим оид ба васеъ намудани имкониятҳои донишомӯзӣ дар маҳбасҳо гардид ва ҳамзамон ба татбиқи тавсияҳо барои ҳалли мушкилиҳое, ки собиқ маҳкумшудагон баъди озодшавӣ бо онҳо рў ба рў мешаванд, мусоидат намуд.
Чорабинии мазкур дар доираи лоиҳаи дусола таҳти унвони «Ҳуқуқҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва маданию маърифатии маҳкумшудагон ва собиқ маҳкумшудагон дар Тоҷикистон», ки аз тарафи Иттиҳоди Аврупо (75%) ва Вазорати Федеролии Олмон оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва рушд (25%) маблағгузорӣ мешавад, баргузор гардид. Лоиҳа дар шаҳрҳои Норак, Душанбе, Хоруғ, Хуҷанду Қурғонтеппа аз ҷониби DVV International дар якҷоягӣ бо ТҶ «Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният» ва ТҶ «Ҷаҳон»» амалӣ гардид. Лоиҳа барои рушду устувор намудани демократия ва волоияти қонун, ҳуқуқу озодиҳои асосӣ дар Тоҷикистон тавассути беҳтар намудани дастрасӣ ба маълумот ва худинкишофёбии занони маҳкумшуда ва собиқ занону мардони маҳкумшуда мусоидат намуд.