Варақаҳои роҳнамои барқарорсозии мавқеи иҷтимоии шахсони аз маҳбас озодгашта ба табъ расидаанд

Ташкилоти ҷамъиятии «Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният» роҳнамо – варақаҳоро барои шахсони аз маҳбас озодшуда таҳия намудааст. Варақаҳо маълумотро дар бораи хизматрасонии ройгон барои чунин категорияи одамон дар 10 минтақаи мамлакат, аз ҷумла шаҳрҳои Душанбе, Ваҳдат, Хуҷанд, Панҷакент, Қурғонтеппа, Хоруғ ва ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Деваштич, Восеъ ва Ҷайҳунро дарбар мегиранд.

Ташкилоти ҷамъиятии «Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният» роҳнамо – варақаҳоро барои шахсони аз маҳбас озодшуда таҳия намудааст. Варақаҳо маълумотро дар бораи хизматрасонии ройгон барои чунин категорияи одамон дар 10 минтақаи мамлакат, аз ҷумла шаҳрҳои Душанбе, Ваҳдат, Хуҷанд, Панҷакент, Қурғонтеппа, Хоруғ ва ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Деваштич, Восеъ ва Ҷайҳунро дарбар мегиранд.

«Дар ҳамаи ин шаҳру ноҳияҳо, ки бюроҳои ҳуқуқии муассисаи давлатии «Маркази дастгирии ҳуқуқӣ»-и назди Вазорати адлияи ҶТ кор мекунанд, инчунин қисман қабулгоҳҳои ҳуқуқии ташкилоти мо низ фаъолият мебаранд»- қайд намуд директори ТҶ «Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният», - Н. Зокирова.

Дар роҳнамо-варақаҳои нашршуда номгўи хизматрасонӣ ва суроғаи муассисаҳои давлатӣ ва ғайридавлатие ҷой дода шудаанд, ки барои ёрии ҳуқуқӣ шахсони аз маҳбас озодшуда метавонанд муроҷиат намоянд. Номгўи хизматрасониҳо гирифтан ё барқарор намудани шиносномаи умумии шаҳрвандӣ, асноди ҳолати шаҳрвандӣ, барасмиятдарорӣ ва азнавҳисобкунии нафақа, масъалаҳои шуғл, гирифтани ҷубронпулӣ барои бекорон, баланд бардоштани ихтисос ва ғ.-ро фаро мегиранд. Варақаҳо бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ барои ҳар яке аз минтақаҳои алоҳида таҳия гардида, миёни шахсони аз маҳбас озодшуда тавассути мақомоти давлатии манфиатдор ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар 10 минтақаҳои пилотӣ паҳн карда мешаванд. «Мо боварии комил дорем, ки варақаҳо ба шахсони аз маҳбас озодгашта барои дар ҷомеа пайдо намудани ҷойгоҳи хосаи худро кўмак мерасонанд», - қайд намуд Н.Зокирова.  Роҳнамо-варақаҳо дар сомонаи http://bhr.tj/library низ дастрасанд.

Фаъолияти мазкур дар доираи лоиҳаи «Ҳифзи ҳуқуқҳои маҳкумшудагон ва шахсони аз маҳбас озодгашта», ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо ва Вазорати Федералии Олмон доир ба ҳамкорӣ ва рушди иқтисодӣ маблағгузорӣ мешавад, ба роҳ монда шудааст. Лоиҳа аз тарафи Намояндагии Институти ҳамкории байналмилалии Ассотсиатсияи донишгоҳҳои халқии Олмон (DVV International) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ТҶ «Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният» ва ТҶ «Ҷаҳон» амалӣ мешавад.

Барои гирифтани маълумоти муфассал, лутфан муроҷиат намоед ба: Наргис Зокирова, тел.: (+992 37) 2244145, почтаи электронӣ: bhr.taj@gmail.com

Тоҷикистон

Хуш омадед ба DVV International дар Осиёи Марказӣ!


Муфассалтар