Озмуни ''Кори худро шурӯъ кун ва ривоҷ деҳ''

Моҳи марти соли 2015,  бо  дастгирии Иттиҳоди Аврупо  Муассисаи  ҳамкориҳои байналмилалии Ассотсиатсияи таълими калонсолони Олмон (DVV International) як лоиҳаи нави 3-соларо бо номи «Тавсеаи ваколатҳои ҷавонон оид ба  рушди устувор ва тағйирот”  оғоз  намуд, ки он  дар доираи  барномаи “Ширкат дар сулҳофаринӣ”-и  Иттиҳоди Аврупо  амалӣ карда мешавад.  Лоиҳаи мазкур аз тарафи  Иттиҳоди  Аврупо (494 096  евро=80%) ва Вазорати федералии Олмон оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ ва  рушд (130  904 евро=20%), маблағгузорӣ мешавад. Фаъолияти лоиҳа 7 ноҳияҳои ВМКБ ва маркази он- шаҳри Хоруғро дар бар мегирад.

Дар чорчӯбаи иҷроиши  Лоиҳа ТҶ «Мадина»,  дар ҳамкорӣ бо DVV International  миёни  ҷавонони  Бадахшон  озмуни "Кори  худро шурӯъ кун ва ривоҷ деҳ"-ро  эълон  мекунад. Мақсади ин озмун-  беҳтар намудани вазъи иқтисодии ҷавонон тавассути рушди соҳибкорӣ ва ташкили ҷойҳои  нави  корӣ  мебошад.  Мақсади мазкур тавассути омӯзиш ва машварат  аз ҷониби  коршиносони маҳаллӣ ба намояндагони корхонаҳои хурду миёна  муайян намудани идеяҳои нави  соҳибкорони  ҷавон, ки рақобатпазиранд  ва  таъмини  татбиқи онҳо тавассути грантҳои хурд  ба нақша гирифта шудааст. Озмун 1 сентябри соли 2015 оғоз шуда, то 20 декабри соли 2015 идома меёбад.

Озмун дар бахшҳои зерин гузаронида мешавад:

  • Истеҳсоли молу мавод  
  • Кишоварзӣ/зироаткорӣ
  • Хизматрасонӣ  
  • Хизматрасонии таълимӣ (омӯзиш)
  • Косибӣ/ ҳунарҳои мардумӣ

Даври аввали  озмун  аз  қабули  лоиҳаҳо  ва бизнес-планҳо  иборат буда, то  20-уми  декабри соли 2015  давом мекунад. Лоиҳаҳои  иштирокчиён аз тарафи  ҳайати  коршиносон  дида баромада мешаванд ва нимфиналистҳо муайян карда мешаванд. Сипас ҳайати  коршиносон ба ноҳияҳо  сафар  карда, бо  муаллифон вохӯриву мусоҳибаҳо  баргузор мекунанд.  Маросими  ниҳоии  эълони ғолибон,  ва супоридани  гранту  ҷоизаҳо  моҳҳои апрел ва октябри  2016  дар Хоруғ  баргузор мегардад.

ВАРАҚАИ ИТТИЛООТӢ >>

 

Тоҷикистон

Хуш омадед ба DVV International дар Осиёи Марказӣ!


Муфассалтар