Мизи мудаввар «Риояи ҳуқуқҳои иҷтимоиву иқтисодии собиқ маҳкумшудагон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»

ш. Душанбе, 23 октябри 2015с.

Натиҷаҳои пешакии тадқиқот оид ба риояи ҳуқуқҳои иҷтимоӣ-иқтисодии собиқ маҳкумшудагон дар Тоҷикистон, ки аз ҷониби ташкилоти ҷамъиятии «Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният» гузаронида шудааст, рўзи 23 октябр дар мизи мудаввар дар шаҳри Душанбе ба доираи васеи ҷомеа муаррифӣ шуданд.

Мақсади тадқиқот аз омўзиши вазъи умумии риоя намудани баъзе ҳуқуқҳои иҷтимоӣ-иқтисодии собиқ маҳкумшудагон баъди озодшавӣ, иборат буд. Кўшиш карда шуд, ки аз нуқтаи назари ҳуқуқ ва тадбиқи меъёрҳои ҷойдошта, такя ба ҳуқуқ ба меҳнат, ба манзил ва таъминоти иҷтимоӣ баъди озодшавӣ, бо дарназардошти нуқтаи назари озодшудагон, хешу табор ва наздиконашон, назари кормандони ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва сохторҳои давлатии марбут, тадқиқоти гуногунҷабҳа гузаронида шавад. Дар давоми тадқиқот  150 нафар, аз ҷумла 50 нафар собиқ маҳкумшудагон аз шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Хоруғ, Қурғон-теппа ва ноҳияи Вахши вилояти Хатлон бо пурсиш фаро гирифта шуданд.

Аз ҳама мушкилиҳои маъмуле, ки одамон баъди аз маҳбас баромадан бо онҳо дучор мешаванд ин масъалаҳои вобаста бо барҳам хўрдани доғи судӣ, барқароркунии ҳуҷҷатҳо, мушкилиҳои манзилӣ, муносибат дар оила ва одамони гирду атроф мебошанд. Яке аз мушкилиҳои мубрам барои ин гурўҳи аҳолӣ масъалаи пайдо кардани ҷои кор аст. Ҷустуҷўи кор барои одамони ба озодӣ баромада, аз сабаби бадгумонии корфармо ва дар маҷмўъ муҳити иҷтимоӣ, мушкил мегардад.

Дар кори мизи мудаввар намояндагони сохторҳои давлатӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ВАО,  доираҳои илмии Тоҷикистон ва инчунин намояндаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва коршиносони мустақил иштирок карда, тавсияҳои пешниҳодшударо бо мақсади қабули чораҳо оид ба омодагии иҷтимоии маҳкумшудагон барои озодшавӣ ва азнавмутобиқшавии иҷтимоии озодшудагон ба ҷомеа муҳокима намуданд.

Чорабинии мазкур дар доираи лоиҳаи «Ҳуқуқҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангии маҳкумшудагон ва собиқ маҳкумшудагон дар Тоҷикистон» гузаронда шудааст, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо ва Вазорати федеролии ҳамкории иқтисодӣ ва рушди Олмон маблағгузорӣ шуда, аз тарафи Намояндагии Институти ҳамкории байналмилалии Ассотсиатсияи донишгоҳҳои мардумии Олмон (DVV International) дар Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ТҶ “Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният” ва ТҶ «Ҷаҳон» амалӣ мегардад.

Тоҷикистон

Хуш омадед ба DVV International дар Осиёи Марказӣ!


Муфассалтар