Лоиҳаи нави Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон ба пешбурди омӯзиши касбии фарогир барои ҷавонони маъюб равона мегардад

1 апрели соли 2018 Намояндагии институти ҳамкории байналмилалии Ассотсиатсияи донишгоҳҳои халқии Олмон (DVV International) дар Тоҷикистон лоиҳаи «Пешбурди тағйироти иҷтимоӣ ва омӯзиши касбии фарогир»-ро оғоз намуд. Лоиҳа аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо (90%) ва Вазорати Федеролии Олмон оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва рушд (10%) маблағгузорӣ шуда, барои дастгирии сохторҳо ва сиёсатҳои омӯзиши касбии фарогир равона гардидаст. Афзалият ба эҳтиёҷоти ҷавонони маъюб дода мешавад.

1 апрели соли 2018 Намояндагии институти ҳамкории байналмилалии Ассотсиатсияи донишгоҳҳои халқии Олмон (DVV International) дар Тоҷикистон лоиҳаи «Пешбурди тағйироти иҷтимоӣ ва омӯзиши касбии фарогир»-ро оғоз намуд. Лоиҳа аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо (90%) ва Вазорати Федеролии Олмон оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва рушд (10%) маблағгузорӣ шуда, барои дастгирии сохторҳо ва сиёсатҳои омӯзиши касбии фарогир равона гардидаст. Афзалият ба эҳтиёҷоти ҷавонони маъюб дода мешавад.

Намояндагии DVV International ва ташкилотҳои шарики он барои тақвият додани ҳуқуқҳои маъюбон, беҳтар намудани муҳити миллӣ ва маҳаллӣ барои омӯзишии касбии фарогир, ва фароҳам овардани хизматрасониҳои омӯзиши касбии босифат ва таҳсилоти ғайрирасмӣ барои ҷавонони маъюб дар се шаҳр: Рашт, Панҷакент ва Душанбе  кор мекунанд.

Якҷоя бо ТҶ «Ассосиатсияи таҳсилоти калонсолони Тоҷикистон» ва ТҶ Созмони занони маъюб «Иштирок», Намояндагии DVV International курсҳои омӯзиши касбиро, ки махсусан ба эҳтиёҷоти шахсони маъюб мутобиқ мебошанд, таҳия карда, барои истифода пешниҳод мекунанд. Беҳтар намудани малакаи касбӣ барои баромади шахсони маъюб ба бозори маҳаллии меҳнат мусоидат мекунад. Иштирокчиён инчунин мефаҳманд, ки чӣ тавр бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии маҳаллӣ ва миллӣ барои татбиқи ҳуқуқи худ ба таҳсил ҳамкорӣ созанд.

Дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии «Маркази таълими калонсолони Тоҷикстон" (МТКТ) дар назди Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо беш аз 36 филиалҳои худ дар тамоми мамлакат, инчунин бо мақомоти иҷроияи ҳокимиятии давлатии маҳаллии шаҳрҳои Рашт, Панҷакент ва Душанбе, Намояндагии DVV International дар Тоҷикистон барномаҳои таълимии комплексӣ таҳия намуда дар се филиалҳои МТКТ дар шаҳрҳо (Рашт, Панҷакент ва Душанбе) амалӣ месозад. Илова бар ин, дар ин филиалҳо инфрасохтори дастрас қисман фароҳам мегардад. Таҷрибаи ин се филиал метавонад минбаъд барои беҳтаркунии дастрасии ҳамаи филиалҳои МТКТ дар саросари кишвар истифода шавад.

Илова бар ин, лоиҳае, ки 2,5 сол давом медиҳад, таҳсилоти фарогирро пеш мебарад, инчунин сатҳи огоҳии мардумро дар бораи ҳуқуқҳои шахсони маъюб тавассути нашрияҳо ва чорабиниҳои ҷамъиятӣ баланд мебардорад.

Дар чорабинии ифтитоҳӣ мақсад ва вазифаҳои лоиҳа ба аҳли ҷомеа, ҷонибҳои манфиатдори эҳтимолӣ, ва мутахассисоне, ки бо ҷавонони маъюб ва волидайни онҳо кор мебаранд, пешниҳод мегарданд. Пешбинӣ шудааст, ки на камтар аз 30 нафар намояндагони сохторҳои давлатӣ, ғайридавлатӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ ва ВАО дар чорабинӣ иштирок намоянд.

Чорабинӣ санаи 4 майи соли 2018 соати 09:15 дар бинои Муассисаи давлатии “Душанбе Плаза”, толори конфронсӣ дар ошёнаи 4 баргузор мегардад.

Барои гирифтани маълумоти муфассал метавонед ба шахси зерин муроҷиат намоед:Зарина  Холиқова, директори Намояндагии DVV International дар Тоҷикистон, khalikova@dvv-international.tj

Тоҷикистон

Хуш омадед ба DVV International дар Осиёи Марказӣ!


Муфассалтар