03/20/2019

Ҳимояи ҳуқуқҳои маҳкумшудагон ва шахсони аз маҳбас озодшуда дар Тоҷикистон: натиҷаҳо ва қадамҳои минбаъда

ш. Душанбе, 19 марти соли 2019. – Баъд аз баромадан ба озодӣ аз муассисаҳои ислоҳӣ, собиқ маҳкумшудагонро ҳиссиёти дуҷониба фаро мегирад. Агар аз як ҷониб, эҳсоси озодӣ ва раҳоӣ бошад, аз ҷониби дигар тарс аз ноайёнӣ вуҷуд дорад. Чунин шахсон дар ҷомеа бо нофаҳмиҳо рӯ ба рӯ мешаванд, дар ҷустуҷӯи кор ва барпо намудани зиндагии шахсӣ ба мушкилиҳо дучор мешаванд, онҳо барои дубор мутобиқ шудан ба ҷомеа ниёз ба кӯмак доранд.

ш. Душанбе, 19 марти соли 2019. – Баъд аз баромадан ба озодӣ аз муассисаҳои ислоҳӣ, собиқ маҳкумшудагонро ҳиссиёти дуҷониба фаро мегирад. Агар аз як ҷониб, эҳсоси озодӣ ва раҳоӣ бошад, аз ҷониби дигар тарс аз ноайёнӣ вуҷуд дорад. Чунин шахсон дар ҷомеа бо нофаҳмиҳо рӯ ба рӯ мешаванд, дар ҷустуҷӯи кор ва барпо намудани зиндагии шахсӣ ба мушкилиҳо дучор мешаванд, онҳо барои дубор мутобиқ шудан ба ҷомеа ниёз ба кӯмак доранд. 

Лоиҳаи “Ҳимояи ҳуқуқҳои маҳкумшудагон ва шахсони аз маҳбас озодшуда дар Тоҷикистон” барои ҳифзи ҳуқуқи яке аз гуруҳҳои осебпазири ҷомеа – маҳкумшудагон ва собиқ маҳкумшудагон, бо таваҷҷӯҳи махсус ба ҳуқуқҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии онҳо, равона шуда буд.

Муддати ду соли амалисозии лоиҳа зиёда аз 500 маҳкумшуда аз муассисаҳои ислоҳии 3/8-и Норак ва 3/6 ноҳияи Ёвон бо барномаҳои таълимӣ фаро гирифта шудаанд, инчунин беш аз 1100 нафар собиқ маҳкумшудагон аз 10 шаҳру навоҳии кишвар, аз ҷумла - Душанбе, Хоруғ, Хуҷанд, Бохтар, Ваҳдат, Б. Ғафуров, Восеъ, Панҷакент, Деваштиҷ и Ҷайхун ба машваратҳои ҳуқуқиву кумаки иҷтимоӣ дастрасӣ доштанд. Инчунин, саъю кӯшиши лоиҳа барои такмили механизмҳои ҳамоҳангсозии кӯмаки иҷтимоии ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва сохторҳои давлатӣ бо роҳи таҳия ва паҳн кардани нақшаи муроҷиат ва бозравоннамоии собиқ маҳкумшудагон ба назди мутахассисон барои дубора мутобиқ шудани онҳо ба ҷомеа,  равона шуда буд. Яке аз дигар вазифаҳои лоиҳаи мазкур такмили нерӯи ҷонибҳои манфиатдор ва таҳкими механизмҳои мубодилаи иттилоот ва муроҷиатномаҳо байни муассисаҳои ислоҳӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ, шабакаи марказҳои ёрии ҳуқуқӣ, марказҳои таълми калонсолон ва марказҳои шуғли аҳолӣ буд.

Дар ҳамкорӣ бо Саридораи иҷрои ҷазои ҷиноии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои такмили ихтисоси кормандони муассисаҳои ислоҳӣ се модули таълимӣ коркард шуда, ба барномаи таълимии Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мақомоти адлия ва хадамоти ҳуқуқии корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шуданд. Лоиҳа инчунин пешрафти фаъолияти лоиҳаро назорат кард, ки ҳамчун воситаи пайгирии пешравӣ дар паҳн кардани механизми бозравоннамоиӣ, тақвият додани қобилияти кормандони милитсия, маслиҳатҳои ҳуқуқӣ ва хизматрасоние, ки аз ҷониби кормандони соҳаи иҷтимоӣ ба собиқ маҳкумшудагон пешниҳод мешавад, истифода шуд.

Мизи мудаввари ниҳоӣ ба муаррифии дастовардҳои лоиҳа, хулоса ва тавсияҳо барои гуфтушуниди минбаъда дар пешбурди ҳуқуқҳои ин гурӯҳи осебпазири ҷомеа, бахшида шуда буд. Тақрибан 50 намояндаи ҷонибҳои манфиатдор - сохторҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ, ташкилотҳои байналхалқӣ ва воситаҳои ахбори омма, бо муваффақияти лоиҳа дар самти кор бо маҳкумшудагон ва шахсони аз маҳбас озодшуда шинос шуданд. Ҳамкориҳои якҷояи сохторҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ дар баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ оид ба ҳуқуқҳои маҳкумшудагон ва шахсони аз маҳбас озодшуда, тавассути чорабиниҳои иттилоотӣ, барномаҳои таълимии шаҳрвандӣ ва машваратҳо, таблиғи фазои мусбат дар байни маҳкумшудагон ва муносибати бевосита аз ҷониби кормандони муассисаҳои ислоҳӣ, муваффақ шуданд.

Чорабинии мазкур дар доираи лоиҳаи “Ҳимояи ҳуқуқҳои маҳкумшудагон ва шахсони аз маҳбас озодшуда дар Тоҷикистон”, ки бо дастгирии Иттиҳоди Аврупо (75%) ва Вазорати федералии Олмон оид ба рушд ва ҳамкориҳои иқтисодӣ (25%) маблағгузорӣ шуда, аз ҷониби DVV International дар ҳамдастӣ бо ду ташкилоти ҷамъиятии маҳаллӣ “Ҷаҳон” ва “Идораи ҳуқуқи инсон ва волоияти қонун” амалӣ карда шуданд, гузаронида шуд. Лоиҳа ба таҳия ва таҳкими демократия ва волоияти қонун, ҳуқуқу озодиҳои инсон дар Тоҷикистон тавассути беҳтар намудани дастрасӣ ва имконияти таълим барои занону мардони маҳкумшудагон ва шахсони аз маҳбас озодшуда, мусоидат намуд.

Welcome to DVV International Central Asia